Вохӯрии аввали раиси тозатаъини вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов бидуни журанлистони минтақавии васоити ахбори умуми мустақил баргузор шуд.

Як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ба вохӯрӣ бо роҳбари вилоят танҳо кормандони васоити ахбори умуми ҳукуматӣ даъват шуда буданд ва журналистони васоити ахбори умуми мустақил дар манотиқ дар рӯйхати даъватшудагон ҳузур надоштанд.

Рустам Сафаров, хабарнигори минтақавии агентии иттилоотии «TojNews» дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бо изҳори таассуф аз чунин амал зикр кард, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият дар мансаб раиси вилоят аллакай журналистонро ба «худӣ»-ҳову «бегона» ҷудо карда, шояд бо усули «тафриқа андозу ҳукмронӣ кун» фаъолият карданӣ бошад. «Мо ҳама ба нафъи минтақа ва дар маҷмӯъ некӯаҳволиву рушди кишвар талош меварзем, вале мутаассифона, як зумра мансабдорон моро намефаҳманд», - гуфт ӯ.

Журналист Ясриби Карим низ аз чунин муносибат изҳори норозигӣ карда, иброз дошт, ки «ҳамчун рӯзноманигори ҷавон аз тағйироти ахири кадрӣ умедвориҳои зиёд дошт». «Ман ба вохӯрӣ бо раиси нави яке аз бузургтарин вилояти ҷумҳурӣ интизорӣ доштам ва гумон намекардам, ки пушти дари ҳукумати вилоят мемонам», - афзуд журналист.