Дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон соҳибкори инфиродӣ Анвар Қурбонов ба сохтмони бинои сеошёнаи Маркази хизматгузорӣ ва бинои дуошёнаи чойхонаи миллӣ оғоз кард, ки арзиши умумии ин ду иншоот 13 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Як сарчашмаи наздик ба соҳибкор ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот на камтар аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида, дар Маркази хизматгузорӣ таъсиси коргоҳҳои дӯзандагӣ, хизматгузориҳои хурд ба аҳолӣ ва меҳмонхона дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар қаламрави ҷамоатҳои Кангурт ва Қарақамиши ин ноҳия сохтмони 6 пул аз болои дарёи Оби Тоир идома дорад. Котиби ҷамоати Қарақамиш Амирхон Ёқубов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пули дар ин қаламрав бо дарозии 120 метр мавриди бунёд қарордошта 6 маҳаллаи аҳолинишинро бо маркази ноҳия пайваста, барои баромадан ба роҳи таъиноти ҷумҳурӣ шароит фароҳам меоварад.