Ҳ омиёни ҳуқуқи инсон аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки  тайи 4 соли ахир   лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» баррас ӣ ва  қабул нашудааст.

Мизи гирд дар мавзӯи «Амалисозии тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон»  18-уми декабр дар Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир  бо ташаббуси созмони ҷамъиятии Маркази ҳуқуқи инсон  дар Душанбе  баргузор шуд.

Дар он зикр гардид, ки тӯли чаҳор соли ахир гӯрӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳо лоиҳаи қонуни  ҶТ  «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ»-ро  баррасӣ мекунанд ва то ҳол ба тавофуқ нарасидаанд.

Аз  ҷ умла, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Муҳоҷират ва рушд» Музаффар Зарифов изҳор дошт, ки Вазорати адлияи ҶТ ва дигар ниҳодҳо нисбат ба ин лоиҳаи қонун хунукназарӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, давлате, ки зиёда аз 1 миллион муҳоҷир дорад, чунин қонунҳоро бояд барвақт қабул мекард.

Ҳ амзамон Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони «Перспектива+» аз раванди таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур интиқод кард: «Айб аст, агар имрӯз ҳукумат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва гурӯҳи коршиносон як лоиҳаи қонунро, ки шояд 25-30 модда шавад, ин қадар кашол диҳанд. Агар нисфи аъзои ҳукумат аз мухолифин иборат мебуд, дарк кардан мумкин буд, ки баҳсу мунозира зиёд мешавад ва қабули қонун кашол меёбад. Вале ҳукумат аз як команда иборат аст ва агар ба як вазорат писанд нест, ҳукумат баҳс кунад, ки куҷояш нодуруст аст ва бояд ислоҳ шуда, қабул гардад».

Бобоназарова бо ишора ба ин, ки баррасии лоиҳа хеле тӯлонӣ шуд, дар идомаи суханрониаш гуфт: «Мо фикр мекунем, ки ҳеч гап не, вале ин як шармандагист. Наход муҳоҷир 4 сол интизор шавад, ки кай ин қонун қабул мегардад. Медонам, ки Вазорати корҳои хориҷӣ ва КДАМ ҳанӯз ба тавофуқ нарасидаанд. Вале бояд биёянд ва гӯянд, ки куҷояш маъқул нест, маслиҳат кунем ва қонунро қабул намоем».

Дар навбати худ Толиб Шарифов, сардори сарраёсати муҳоҷирати меҳнатии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар посух ба интиқоди намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва байнулмилалӣ дар хусуси кашол ёфтани тавофуқи лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» иброз дошт, ки  аз сабаби нав шудани ҳукумат ва тағйирот дар сохторҳо, тавофуқи лоиҳаи қонун бо дигар вазоратҳо кашол ёфтааст.

Вай афзуд, ки  мутахассисони баъзе вазоратҳо онро дар сохтори худашон мавриди баррасӣ қарор дода натавонистанд : «Чаҳор сол боз гурӯҳи корӣ рӯйи ин лоиҳа кор мекунад ва мутахассисон аз ҳамаи вазорату идораҳо ҷалб карда шудаанд. Аммо он шахсоне, ки дар гурӯҳи корӣ шомил буданд, дар оянда ҳамин лоиҳаи қонунро дар вазорати худ муаррифӣ карда натавонистанд. Мо маҷбур шудем, ки худамон рафта, ин лоиҳаи қонунро дар назди роҳбарияти вазорат банд ба банд муаррифӣ кунем ва баъд хулосаи он ниҳодро гирем».

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон Конвенсияи байнулмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаҳои онҳоро 7-уми сентябри соли 2000 ба имзо расонид ва он дар соли 2002 қувваи ҳуқуқӣ пайдо кард.

Дар асоси На қшаи Миллии амалисозии  тавсияҳои   Кумитаи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо  барои сол ҳои 2013-2017 бояд  ҳар як мақоми масъул дар хусуси корҳои иҷрошуда ба Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ ҳисобот диҳад.