Тоҷикони шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иди Наврӯзро дар Бруклин ҷашн мегиранд.

Дар саҳифаи дар шабакаи иҷтимоии Facebook ташкилшуда дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки рӯзи 29-уми март дар чорабинии идона дар Rahat Palase бо иштироки мусиқачӣ ва оҳангсоз Алберт Горкаллаев ва овозхони эстрадӣ Ҷонибек Муродов ин ҷашни миллӣ таҷлил хоҳад шуд. Дар чорабинии идона Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Малика Калонтарова низ ширкат хоҳад варзид.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Ню-Йорк як чорабинии маъмулӣ маҳсуб меёбад. Соли гузашта ҷамъияти тоҷикони Ню-Йорк иди Наврӯзро дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр ҷашн гирифта буданд. Чорабинӣ аз ҷониби диаспораи тоҷикон дар ИМА - Tajik Community In USA, INC созмон дода шуда буд, ки муассисаш шаҳрванди Тоҷикистон Аскаралӣ Саидов мебошад.

Меҳмонон аз ҳунарнамоии Махфират Ҳамроқулова, Хуршед Алидодов ва гуруҳи «Рӯи замин» баҳра бурда буданд. Кибриё Маҳмудова, Дилноза Латифова ва Шаҳноза Тӯйчиева таҳти раҳбарии Малика Гадоева, ки дар ҳайати асосии театр-студияи «Падида» ҳунарнамоӣ мекард, рақси миллии тоҷикиро ба иҷро расонида буданд. Иштирокчиёни ҳунарманди чорабинӣ бо тамоми маҳорат меҳмононро ба рақсҳои зебову дилнишини Бадахшону Хатлон ва Суғд шинос намуданд.

Дар барномаи идона ҳамчунин бозии маъмулии миллӣ «Бандкашӣ» баргузор шуда, меҳмонон бо фарҳанги таҷлили ҷашни «Наврӯз» бо иштироки «Бобои деҳқон» ва «Маликаи Наврӯз» аз наздик ошно гардиданд.