Нахустин филми тасвирии тоҷикӣ дар шакли сеандоза ё худ 3D рӯзи якшанбе, 21-уми сентябр дар толори синамои «Зебуниссо» муаррифӣ гардид.

Барои таҳияи ин филми тасвирӣ, ки «Афсонаи Аура» ном гирифтааст, мутахассисони тоҷик ду сол заҳмат кашиданд. Мавзӯи он содда набуда, хусусияти ҷаҳонӣ дорад. Дуруштии инсон нисбат ба табиату пайомадҳои нохуши он манзараҳое ҳастанд, ки аз аввал то охир инъикос шудаанд. Филми тасвирии иборат аз 50-дақиқа бо харҷи ҳудуди 200 ҳазор сомонӣ ба даст омадааст.

«Афсонаи Аура» аз саргузашти се ҷонвараке қисса мекунад, ки дар натиҷаи беэҳтиётии инсоният нисбат ба табиат дучори мушкилӣ шудаанд. Бабу, Гулӣ ва Танбал қаҳрамонҳое ҳастанд, ки аз табиат дур шуданашонро кори дасти инсоният медонанду барои ҳаёти осуда мубориза мебаранд.


Ба сифати қаҳрамон интихоб шудани суғур бесабаб набудааст. Ба гуфтаи продюсери филм Умед Улуғов, теъдоди ин намуди ҷонварон сол то сол дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо кам мешавад. Вай афзуд: «Мо баъди машварат бо коршиносон суғурро ба ҳамин хотир интихоб кардем ва тавассути филми тасвирӣ ин мушкилиро нишон додем».  Дар филми тасвирӣ ба хубӣ намоиш дода шудааст, ки буридану решакан шудани дарахтон аз ҷониби инсонҳо оқибатҳои ногувори дигарро ба бор меорад. Дучор омадани ҷонварон бо писарбачае, ки нисбаташон меҳрубон аст ва натиҷаи ногувори номеҳрубонӣ ба табиатро фаҳмидани инсонҳо, оқибат бо дӯстии миёни одамону ҳайвонот поён меёбад. Ба гуфтаи дастандаркорон, ин ҷаҳон олами ақлу хираду осоиш аст, на дунёи зулму ситам.


Филми тасвирӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони асри 21” бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ таҳия шудааст. Ба гуфтаи масъули ин ташкилот Умед Улуғов, ки дар масоили ҳифзи муҳити зист фаъолият мебарад, мақсади онҳо дар аввал таҳияи маводе барои боло бурдани огоҳии экологии наврасону ҷавонон буд. Баъдан хулоса шуд, ки филми тасвирӣ дар шакли 3D таваҷҷуҳи насли наврасро ба ин мавзӯъ бештар ҷалб карда  метавонад

Дастандаркорон бар он кӯшидаанд, ки филми тасвирияшон натанҳо баҳри кӯдакону наврасон, балки барои насли бузургсол низ тарғибгари дӯстдории табиату муҳити зист бошад.


Барои тамошои филми тасвирӣ, ки намоиши он дар толори синамои «Зебуниссо» ҷараён гирифт, ҳам хурдсолон ҷамъ омаданду ҳам калонсолон. Санавбар Набиева, яке аз бинандагони аввалини ин филм мегӯяд, дергоҳ интизори тамошои он буд. Ӯ мегӯяд: «Бовар надоштам, ки дар Тоҷикистон чунин филми тасвирӣ мебарояд. Аз тамошояш кӯдакон ҳифзи табиат ва меҳрубонӣ нисбат ба онро меомӯзанд».  Бинандаи дигари филми тасвирӣ Манучеҳр Ашӯров таҳияи чунин филмҳоро барои ҷалби диққати кӯдакон ба мавзӯи ҳифзи табиат муҳим арзёбӣ мекунад. Вай афзуд: «Ҳар яки мо бояд табиатро муҳофизат кунем. Табиат ҳам мисли одамизод мехоҳад, ки бо он муносибат ва рафтори хуб дошта бошем. Ин филм барои дарки ин масъала кӯмак мекунад».


Филми тасвирии «Афсонаи Аура» манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла, минтақаи Сарихосорро инъикос кардааст. Дастандаркорон ҳангоми таҳия анъанаҳо ва ҷузъиёти хоси миллиро низ сарфи назар накардаанд. Дар ин филми аниматсионӣ ҳудуди 1000 акс аз табиати Тоҷикистон истифода шудааст.  Тавре коргардони филм Алексей Румянтсев мегӯяд, ҳарчанд филмҳои тасвирӣ дар диди аввал содда намоянд, вале ҳангоми офариданашон мушкилоте пеш меояд, ки рафъи он ҳафтаҳоро талаб мекунад. Бо вуҷуди мураккабиҳои соҳа ва ҳудуди 50 дақиқа тӯл кашидани филми «Афсонаи Аура», барои таҳияи он ҳамагӣ 3 нафар ҷалб шуда буд.


Ба гуфтаи масъули таҳияи манзараҳои филми тасвирӣ Маҳмадалӣ Давлатов, дар хориҷа ба ин кор таҳиягарони бештаре ҷалб мешаванду муҳлат низ тӯлонитар аст.  Дар ду даҳсолаи охир филмофарони тоҷик дар таҳияи филмҳои ҳунарӣ малакаю таҷрибаи хубтареро касб кардаанд. Вале бахши филмҳои тасвирӣ то кунун дур аз таваҷҷуҳ мондааст. Набудани технологияи замонавию сарпарастон мушкилиест, ки боис ба заифии ин бахши синамо дар Тоҷикистон гардидааст. Акнун ки таҷриба ба даст омаду филми тасвирии сирф тоҷикӣ таҳия шуд, офарандагони он нақша доранд, марбут ба табиату қаҳрамонони латифаҳои тоҷикӣ дигар лоиҳаҳоро рӯйи даст бигиранд. Вале на бо ҷайбҳои холӣ, балки дар сурати пайдо шудани маблағгузорон.


Продюсери филм Умед Улуғов тасмим дорад, ки дар оянда дар мавзӯи ҳифзи муҳити зист силсилафилмҳои тасвириро таҳия созад. Ӯ мегӯяд: «Дар филмҳои минбаъда кӯшиш мекунем, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим, нест кардани заминҳо аз тарафи одамон ва дигар мавзӯъҳои экологиро нишон диҳем».  Аз сабабе ки ин филми тасвирӣ ҷанбаи тарбиявӣ дорад, намоиши он дар мактабҳову фестивалҳои гуногун дар назар аст. Зеро мушкилоти суғурҳою дигар ҳайвонот дар ин филми тасвирӣ на танҳо марбут ба иқлими Тоҷикистон, балки ба сайёраи замин аст. Дар симои суғурҳо офарандагони филм ба бинандаи худ фаҳмонидаанд, ки ҷонварон низ барои осоиши худ дар талошанд.