Ҳамасола шанбеи дуюми моҳи октябр Рӯзи байнулмилалии кӯмаки паллиативӣ ё таскинбахш қайд карда мешавад. Дар кишварҳои пешрафтаи олам ҳанӯз аз соли 1982 кӯмаки паллиативӣ ҷорӣ гардида буд. Аммо дар Тоҷикистон ин намуди хизматрасонии тиббӣ ба афроди мубталои бемориҳои дармоннопазир тайи чанд соли охир роҳандозӣ шудааст.

Дар гузашта онҳое, ки гирифтори бемории саратони дараҷаҳои 3 ва 4, инчунин дигар бемориҳои табобатнашаванда буданд, аз бемористонҳои кишвар рухсат мешуданд ва бо дарду машаққати зиёд аз дунё мегузаштанд. Ҳамакнун барои он ки дар охирин лаҳзаҳои ҳаёт беморон азоби ҷисмониву равонӣ накашанд, шиддати дарди онҳо тавассути дорувории махсуси карахткунанда паст карда мешавад.


Умеди охирин

Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои нафароне, ки дар ҳассостарин лаҳзаҳои зиндагӣ қарор доранд, умеди охирин маҳсуб меёбад. Барои пизишкон фарқе надорад, ки беморон гирифтори кадом дарданд, зеро расонидани кӯмаки паллиативӣ асоси кори табибони ин шифохона аст. Дар ин дармонгоҳ онҳое, ки ба доруҳои таскинбахш ниёз доранд, кам нестанд. Ба гуфтаи масъулони бемористони мазкур, теъдоди муроҷиаткунандагон рӯз то рӯз афзоиш меёбад.


Ниҳолбӣ Ҳасанова, сардухтури Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат мегӯяд, танҳо дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе онҳо 169 беморро ба қайд гирифтаанд. «Мо ба онҳо охирин кӯмаки худро мерасонем. Ин беморон онҳое ҳастанд, ки дар охирин лаҳзаҳои ҳаёт қарор доранд. Бинобар ин, дорувории махсуси карахткунандаи дард истифода мешавад. Кӯмаки паллиативӣ ба ин гуна беморон ройгон аст. Мо ба онҳо натанҳо дар шифохона, балки дар хонаҳояшон низ кӯмак мерасонем», - афзуд Ҳасанова.

Чол Шарифоваи 76-сола яке аз беморонест, ки дар қайди Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқат буда, кӯмаки таскинбахш мегирад. Бемории ӯ на ба табобат, балки ба бедардкунӣ ниёз дорад. Дараҷаи чоруми оризаи саратон ин занро тайи 7 сол аст, ки ба дарди ҷонкоҳ гирифтор кардааст. 


Хонум Шарифова аз мубталои саратон будани худ огоҳ нест. Аммо табибон наздикони ӯро аз табобатнашаванда будани дарди пайвандашон огоҳ кардаанд.  Гулнавча Сафоева, духтари ин зани бемор мегӯяд: «Вақте модарамро ба духтур бурдем, онҳо дарҳол гуфтанд, ки ба саратон гирифтор аст. Ӯро ҷарроҳӣ ҳам карданд. Худи модарам намедонад, ки ба ин касал мубтало аст. Танҳо мо медонем, ки ӯ гирифтори саратон шудааст. Ба ӯ гуфтем, ки гурдаҳоят касаланд».

Тавре Чол Шарифова иброз медорад, на шаб ором дораду на рӯз. Ба гуфтаи хешовандони ин бемор, ба ӯ на ҷарроҳӣ кӯмак карда тавонист ва на муолиҷаи чандинсола. Ташхиси ниҳоии табибон нишон додааст, дарди ӯ рӯз то рӯз шиддат мегирад, зеро саратони ӯ дар зинаи чорум қарор дорад.


Пизишки саратоншинос Худойқул Усмонов, ки беморро зери назорат дорад, дар суҳбат бо мо гуфт: «Вақтҳои охир хуруҷи бемории Чол Шарифова дида мешавад, ки он ба дардҳои сахт оварда расонидааст. Акнун ӯ на ба табобат, балки ба ёрии паллиативӣ ниёз дорад». Ба гуфтаи Усмонов, «таърихи тиб ёд надорад, ки ин гуна беморон шифо ёфта бошанд».  Омили аслии дармоннопазир шудани дарди ин пиразан чун дигарон дар бетаваҷҷуҳии худи онҳо арзёбӣ мешавад. Зеро дар зинаҳои аввал имкони пешгирии оризаи саратон мавҷуд будааст. Вале Чол Шарифова замоне ба муолиҷа пардохт, ки аллакай дер шуда буд. Бинобар ин, табибон сиҳат ёфтани ӯро дур аз эҳтимол медонанд.

Хурдсолони гирифтори саратон

Кӯмаки паллиативӣ натанҳо ба пиронсолон, балки ба кӯдакону наврасон низ расонида мешавад. Тавре мутахассисони Маркази илмии саратоншиносӣ изҳор медоранд, муроҷиаткунандагон ва ниёзмандон ба ин намуди кӯмак рӯз то рӯз меафзояд. Зеро оризаи саратон ҳам ҷавоншавӣ дораду ҳам рӯ ба афзоиш овардааст.


Сангинмоҳ ҳамагӣ 16-сол дорад. Пизишкон 6 моҳ инҷониб аз ранҷи сангини ӯ огоҳанд. Саратони гулӯю бинӣ ҳамон оризаест, ки риштаи умри ин ҷавондухтарро қариб канда буд. Танҳо пас аз ин волидайн рӯ ба бемористон оварданд. Кимиёдармонӣ ба ӯ андаке кӯмак карда, маротибаи саввум аст, ки роҳи нафаси ӯро кушода месозад.  Бо Сангинмоҳ дар Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази илмии саратоншиносӣ ҳангоме суҳбат доштем, ки ӯ дар ҳуҷраи кимиёдармонӣ бистарӣ буд. Вай гуфт: «Гулӯям маҳкам шуда буд. Ҳатто об нӯшида наметавонистам, чунки гулӯю биниям варам карда буд. Пас аз ҳамин қадар дард маро барои табобат оварданд. Сеюм курс аст, ки ман доруи химиявӣ мегирам. Дар ҳолати хеле вазнин қарор доштам. Ҳоло бошад, каме хубтар шудаам».


Моҳира Умарова, мудири Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази илмии саратоншиносӣ дар бораи ҳолати Сангинмоҳ гуфт, баъд аз муайян шудани бемории Сангимоҳ, онҳо ба падару модараш пешниҳод кардаанд, ки табобатро оғоз кунанд. Вале бо сабабҳои номаълум онҳо аз муолиҷа даст кашидаанд.  «Пас аз хуруҷи беморӣ онҳо боз ба мо муроҷиат карданд. Чизе, ки аз дасти мо меояд, дареғ намедорем», - афзуд Умарова.

Табибон камтаваҷҷуҳии мардум ба саломатиро омили афзудани гирифторони саратони дараҷаҳои 3 ва 4 арзёбӣ мекунанд. Аммо ҳолатҳое низ мавҷуданд, ки ранҷурон аз нодурустии ташхис ба дараҷаҳои вазнинтари саратон расидаанд. Ташвишовар он аст, ки кӯдакон низ ба ин дард бештар гирифтор мешаванд. Тавре ба мо иттилоъ доданд, ҳамасола ба Шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази илмии саратоншиносӣ аз 100 то 120 нафар беморони нав муроҷиат мекунанд.

Афзоиши беморони саратон дар Тоҷикистон

Тибқи маълумоти Маркази илмии саратоншиносӣ, дар Тоҷикистон ҳамасола ба бемории саратон гирифтор будани беш аз 3 ҳазор нафар бори аввал ошкор мешавад. То имрӯз дар кишвар зиёда аз 13 ҳазор мубталои саратон муайян шудааст.


Диловар Ғаниев, муовини сарвари ин Марказ мегӯяд: «Дар муддати як сол аз 3,5 то 4 ҳазор нафар бемори саратон ба қайд гирифта мешаванд. Аз ин шумор 55-60% дар марҳилаи сеюм ва чорум қарор доранд. Беморони дараҷаҳои 3 ва 4 на ба табобат, балки ба кӯмаки паллиативӣ ниёз доранд. Зеро дигар ягон илоҷи муолиҷа дар ин зинаҳои ниҳоии саратон мавҷуд нест».  Мутахассисони соҳаи тибби кишвар изҳори умедворӣ мекунанд, ки бо оммавӣ шудану рушд ёфтани хизматрасонии паллиативӣ дар Тоҷикистон дарду ранҷи мубталоёни бемориҳои табобатнашаванда камтар гардида, онҳо роҳи миёни зиндагӣ ва маргро на бо азияти ҷонкоҳ, балки бо оромиши тану ҷон тай хоҳанд кард.