Мавҷуд набудан ва ҷое камшуморию корношоямии гидранту ҳавзҳои оташнишонӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон аз мушкилоти умдае ҳастанд, ки сӯхторнишонҳоро ба изтироб овардаанд.

Набудани гидранту ҳавз – боиси кашолкорӣ

Дар баробари муносибати сарсарӣ бо ноқилҳо, истифодаи нодурусти бухорию асбоби барқӣ, оташбозии кӯдакон ва ҳоказо, мушкили мазкур низ сабаби пешгирӣ нашудан ва афзудани ҳолатҳои сӯхтор арзёбӣ мешавад.


Ба муҷиби ин ноҷуриҳо имсол дар қиёс бо моҳи октябри соли 2013 ҳолатҳои сӯхтор - 22 дафъа, фавти инсон - 1 нафар (имсол дар маҷмӯъ 4 нафар) ва талафоти амвол ба маблағи 1 961 508 сомонӣ (имсол 6 186 034 сомонӣ) бештар шудааст.


Мутахассисон бар ин назаранд, ки агар гидрант ва ҳавзҳои вижа дар мавзеи сӯхтор мавҷуд бошад, он сарҳангом фурӯ нишонда мешавад. Дар акси ҳол, ба иддаои Фаррух Ҳалимов, муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ (РХДО)-и вилояти Хатлон, масоҳати сӯхтор калон шуда, ҳаҷми хисорот меафзояд, зеро оби мошини сӯхторнишонӣ барои 5-10 дақиқа кифоят мекунаду бас.  «Дар ҳудуди вилоят айни замон 548 гидрант ва 596 ҳавзи оташнишонӣ вуҷуд дорад. Аммо дар бисёр шаҳру ноҳияҳо онҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд ё ин ки таъмирталаб буда, аксарашон корношоям мебошанд», - афзуд ӯ.


Суҳроб Кулмаҳмадов, нозири тарғиботу ташвиқоти раёсати мазкур дар тақвияти ин сухан чунин гуфт: «Барои тамом нашудани захираи об мо бояд баробари ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудан мошинҳои сӯхторнишониро ба гидрантҳои обдиҳӣ ё ҳавзҳои махсус пайваст кунем. Дар сурати набудани ин ҳар ду мо маҷбурем, ки барои гирифтани об боз ба қисми оташнишонӣ баргардем. Аммо сӯхтор ҳеҷ гоҳ мунтазири мо намешавад. Чӣ тавре ки аз соли гузашта маълум аст, ҳангоми сӯхтани бозори «Фаворон - Қӯрғонтеппа» дар наздикии он на гидрант буду на ҳавз. Барои ҳамин мо маҷбур шудем аз чанд ноҳияи вилоят ва берун мошини сӯхторнишонӣ даъват кунем. Бо вуҷуди ин, сӯхторро бо оби кашонида хомӯш кардем».


Дар ин росто, тибқи иттилои масъулини ниҳоди мазкур, дар навоҳии Абдурраҳмони Ҷомӣ, Ҷиликӯл, Носири Хусрав, Темурмалик, Ховалинг, Шӯрообод ва Балҷувон гидрантҳои зидди сӯхтор умуман вуҷуд надорад, ҳарчанд ин ҷойҳо аз 27 то 144 ҳазор аҳолӣ ва даҳҳо инфрасохтори қобили мулоҳиза доранд. Дар 10 шаҳру ноҳия ҷамъан 48 гидрант лоиқи истифода нестанд, ки аксарашон ба Қӯрғонтеппа (11 адад), Норак (8 адад), Шаҳритус (9 адад) ва Панҷ (7 адад) рост меояд. Дар навоҳии Қубодиёну Восеъ бо вуҷуди эҳтиёҷи шадид зоҳиран ҳамагӣ 4 ададӣ гидрант сари коранд, ки аз ин ҳисоб дар аввалӣ 2 ва дар дуюмӣ 1-тояш қобили истифодаанд.

Ҳавзҳои сӯхторнишонӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят мавҷуданд, аммо чӣ гуна? Дар навоҳии Панҷ - аз 30 бисту чаҳорто, Ёвон - аз 37 даҳто, Шаҳритус - аз 16 нӯҳто, Темурмалик - аз 15 ҳашттояш ғайри қобили истифода буда, дар 13 ноҳияи дигар аз 1 то 5 ҳавз хароб шудааст. Хуросону Балҷувон ҳамагӣ 4-5-ҳавзӣ доштаанду бас, ки боз якададияш корношоям будааст.

Барои ислоҳи вазъ кормандони РХДО-и вилояти Хатлон дар тӯли 10 моҳ 127 проктоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 44 260 сомонӣ ҷарима муқаррар карда, нисбат ба 4 шахси масъул мутобиқи қисми 1-и моддаи 192 («Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор») КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Сӯхтор дар бозор

Сӯхторҳои мудҳиши солҳои ахир дар бозорҳои шаҳру навоҳии Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Восеъ баёнгари онанд, ки бозор дар баробари ин офат аз ҳама мавзеи осебпазир маҳсуб меёбад. Агар як сабаби ин зиёд будани ашёи зуддаргиранда, амсоли ранг, равған, сӯзишворӣ, резина, пластмаса, матоъҳои синтетикӣ ва ҳоказо бошад, сабаби дигараш риоя нашудани одитарин қоидаҳои зидди сӯхтор дар ин гуна иншооти васеъҳудуд мебошад.

Биноан, бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор имсол дар асоси шартномаи Хадамоти давлатии оташнишонии ҷумҳурӣ ва Раёсати иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и кишвар дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлобу Қубодиён - дунафарӣ, Хуросон, Панҷ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Данғара, Қумсангир ва Шаҳритус яквоҳидӣ мутахассиси соҳаи сӯхторнишонӣ ба кор пазируфта шуд.

Зиёда аз ин, хидматчиёни РХДО-и вилояти Хатлон дар бозорҳо ва марказҳои савдои ҳудудан калони вилоят дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳо рейдҳои муштарак анҷом дода, бинобар бемасъулиятӣ нисбат ба 1185 шахси масъул протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 161030 сомонӣ ҷаримаашон карданд.


Дар баробари ин, то замони рафъи камбудиҳо фаъолияти 7 бозор ва як маркази савдо мамнуъ эълон гардида, 230 ҳуҷраи алоҳида, 715 нуқта ва таҷҳизоти барқии хатарзову оташангез безарар кардаву 165 нуқтаи савдои ғайриқонунӣ барҳам дода шуд. Барои иҷро накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба 7 шахси масъул ва кормандони бозорҳо мутобиқи моддаи 192 («Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор»), қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.

Соҳибкор, ҳушёр бош!

Ба қавли Фаррух Ҳалимов, муовини сардори РХДО-и вилояти Хатлон, ба болои мушкилоти марбут ба гидранту ҳавзҳо, саҳлангории идораҳои лоиҳакашии кишвар дар пайи адои вазифаи аслияшон кори онҳоро бамаротиб душвор кардааст.

«Ҳарчанд мо бо лоиҳакашон ҳамкории қавӣ дорем, лек онҳо дар лоиҳаҳо, ки аз тарафи соҳибкорон, албатта, харидорӣ шудаанд, талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин хатҳои обтаъминкунии биноҳои сохташавандаро ба инобат намегиранд. Ин боис мешавад, ки пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар асоси тақозои ниҳоди мо соҳибкор маҷбур мешавад, ки сохтани ҳавз ё гидрантҳоро низ ба нақша гираду амалӣ намояд. Аз ин рӯ, ман аз соҳибкорон хоҳиш мекунам, вақте маблағи калон сарф карда, тарҳ мехаранд, аз идораҳои лоиҳакашӣ талаб кунанд, ки таъмини бехатарӣ аз сӯхтор, ҳолати санитарӣ-эпидемиологӣ, мустаҳкамии бино ва дигарро ба назар бигиранд, то ин ки иншоот дуру дароз ва бехатар истифода шавад», - афзуд Ҳалимов.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ

Ҳайати хидматии РХДО-и вилояти Хатлон дар муддати даҳ моҳи соли ҷорӣ дар 323 ҳолати сӯхтор ба ибораи «ҷон ба каф» молу мулки давлатию ҷамъиятиро ба маблағи 211 117 229 сомонӣ аз сӯхтан нигоҳ доштаанд, ки ин дар муқоиса ба соли гузашта 101 756 139 сомонӣ бештар аст. Тайи ин муддат 61 нафар ҳам наҷот дода шуд.

Баъд аз пешниҳоди ин маълумот аз ҷониби масъулин, дар зеҳни мо суоли мазкур ғалаён кард: «Дар айёме, ки шумораи иншооти гаронарзиши саноатӣ, маъмурӣ, маишӣ ва ғайра муттасил афзудан дорад, магар беҳтар нест, ки ба ҷойи, Худо накарда, даст ба сар задану “Вой дод!” гуфтан, одитарин қоидаҳои зидди сӯхторро ҳамагон риоя кунем?».


Иттифоқан, сухани нафаре аз сӯхторнишонҳо ба ёд омад, ки ба ин мазмун буд: «Вақти он расидааст, ки ҳатто дар кӯчаҳои истиқоматӣ ҳам гидрантҳои оташнишонӣ насб шаванд ва ҳамзамон ҳар як шаҳрванд дар хонааш 1-2 зарфи сӯхторнишонӣ дошта бошад. “Сад рӯз дар бор, як рӯз даркор” гуфтаанд. То мо бохабар мешавем, кӣ медонад ба сари онҳо чӣ меояд».