- Соли гузашта 1600 нафар мардон бо шикоят аз мушкилоти оилавӣ, аз ҷумла масъалаҳои зӯроварӣ аз ҷониби занон ба марказҳои иттилоотиву машваратии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат намуданд, - иттилоъ дод ба журналистон роҳбари Кумита Махфират Хидирова зимни нишасти хабарӣ.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ба марказҳои аз ҷониби Кумита таъсисдодашуда дар маҷмӯъ 8,5 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва боз 122 нафар тариқи хаттӣ бо арзу шикоят муроҷиат кардаанд, ки 56 нафари тариқи хаттӣ муроҷиаткарда мардон будаанд. «Мардон асосан бо арзу шикояти ҷой доштани ҳолатҳои зӯроварӣ нисбати онҳо аз ҷониби занон, таъмини занону духтаронашон бо ҷойи корӣ, машварат ҷиҳати ҳалли мушкилот дар оила муроҷиат мекунанд», - иброз дошт Хидирова.

Зимнан зикр гардид, ки қонуни қаблан дар Тоҷикистон қабулшуда «Дар бораи зӯроварӣ нисбати занон» бинобар сабаби афзоиши муроҷиати мардон дар робита ба ин масъала, ба қонун «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» табдили ном кард.

Махфират Хидирова ҳамчунин соли 2015-ро Соли оила эълон кардан дар кишвар аз ҷониби сарвари давлат муҳим арзёбӣ намуд. «Ин ба таваҷҷуҳи ҷиддии раҳбарият ва ҳукумати кишвар ба масъалаҳои таҳкими оила ҳамчун ниҳоди муҳими иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳама огаҳем, ки оила як ниҳоди иҷтимоиест, ки дар он марҳилаҳои нахустини ба шахсият табдил ёфтан дар ҷомеа сурат мегирад. Дар кадом муҳит ташаккул ёфтани ин шахсият ва саҳми мо дар он хеле муҳим аст», - мутмаин аст Хидирова.

Ҳамчунин қайд шуд, ки соли гузашта 9 ҳазору 132 ҳодисаҳои азҳампошии оилаҳо (талоқ) дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ки 938 ҳолат зиёдтар нисбат ба соли 2013 мебошад. «Сабабҳои аслии ҷудошавии оилаҳо сатҳи нокофии маърифату огаҳии ҷавонон аз масоили оиладорӣ ва дахолати падару модарон ба ҳаёти оилавии фарзандон аст», - афзуд роҳбари Кумита.