Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” бо коргардонии Маҷид Маҷидӣ дар ҳузури вазири фарҳанги Эрон ва ҷамъе аз хабарнигорони эронӣ ба намоиш гузошта шуд.

Гуфта мешавад ин филм яке аз бузургтарин ва пурҳазинатарин филмҳои таърихии Эрон ба ҳисоб меравад.

Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” ҳамагӣ 3 соат буда, ба гуфтаи Маҷид Маҷидӣ ин филм пас аз 7 соли талош омодаи пахш мебошад.

Маҷидӣ гуфтааст он чӣ  дар филм аст тибқи оёт ва ривоёт будааст: "Ин филм ба даврони кӯдакӣ ва навҷавонии Паёмбари Аъзам (с) мепардозад".

Маҳмуд Отифӣ, раиси Созмони синамо ва ҳунарҳои Эрон асари синаморо яке аз мондагортарин асари таърихи синамоми Эрон ва ҷаҳон дониста ба сомонаи Defapress гуфтааст:  “Латофати ин филм посухи бисёр муҳкам ва бо далел ба ҳамаи касоне аст, ки имрӯзҳо бо суиистифода аз озодиҳои мавҷуд барои расидан ба аҳдофи худ ба Паёмбари Аъзам (с) тавҳин мекунанд”.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст:  “Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” ба унвони беҳтарин сафири фарҳангии мусалмонон барои тамоми мардуми ҷаҳон хоҳад буд. Ҳар инсоне фаротар аз ҳар дин ва мазҳаб ва эътиқоде метавонад ба беҳтарин ва зеботарин шакл бо ин филм иртибот барқарор кунад ва ташнагии маънавиашро бартараф кунад. Коргардони филм бо ин асари фохир дар дунёи бараҳна аз маънавиёти имрӯз дунболи таҷассум бахшидан ба мафҳуми инсони комил буда ва муваффақ шуда аст”.


Дар ин филм воқеъаҳое чун ҳамлаи лашкари Абраҳа ба Макка, ҳаводиси лаҳзаи валодати Расулуллоҳ (с), пешбинии кашиши масеҳӣ аз нубуввати Ҳазрати Муҳаммад (с)  ба унвони хотами анбиё, моҷарои соҳили моҳигирон ва ғайра дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ ба тасвир даромадаанд.

Аввалин филми сохташуда дар бораи Паёмбар (с) ҳудуди 35 сол пеш тавассути филмсоз Фақид Сурӣ, Мустафо Уқод сохта шудааст.