Фохир Ҳасан, донишманди суннимазҳаби Ироқ аст, ки моҳе қабл рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар риштаи таърих ҳимоя кард. Фохир Ҳасан дар минтақае зиндагӣ мекунад, ки чанде пеш аз тарафи ДОЪИШ роҳбарӣ мешуд ва ин гуруҳ ҷиноётеро муртакиб шуданд, ки таърих назирашро надидааст. Хабарнигори “Азия Плюс” бо ин донишманд, ки шоҳиди ин ҳама воқеаҳо буд оид ба хатари салафия, ба хусус ДОЪИШ суҳбате дошта бошад:

Лутфан, худро муаррифӣ мекардед

Ман Фохир Ҳасан аз аҳолии Курдистони Ироқ ва устоди Донишгоҳ, номзади илми таърих ва дорои чандин корҳои таҳкикотӣ дар мавриди таърих мебошам.  

Минтақаи Шумо чанд фосила бо манотиқи зери нуфузи ДОЪИШ дорад?

Ман дар минтақае зиндагӣ мекунам, ки ҳудуди 15 км бо манотиқи зери нуфузи ДОЪИШ фосила дорад, вале шоҳиди садҳо ҳаводиси гуногуни ин минтақа дар чанд соли охир ҳастам.

ДОЪИШ дар қуҷои Ироқ шуруъ ба фаъолият кард?

Гуруҳи террористӣ маъруф ба ДОЪИШ (ё ба истилоҳ давлати исломии Шому Ироқ) дар наздикиии марзи Арабистони Саъудӣ, дар саҳрои Ал-Анбори Ироқ, ки марзи васеъе бо Арабистон дорад шуруъ ба шаклгирӣ намуд. Ба далели шароити дурафтодаи Ал-Анбор ин минтақаи камҷамъият, тақрибан холӣ аз мардум ва дур аз контроли комили низомӣ аст. Аҳолии манотиқи Ал-Анбор ба тамомӣ дорои мазҳаби Аҳли Суннат ҳастанд ва ба ҳамин иллат ДОЪИШ тавонист ба роҳати ин ҷо нуфуз пайдо бикунад. Ин гуруҳи террористӣ дақиқан дар марзи бедару дарвозаи Арабистон бо саҳрои Ал-Анбор тавлид шуда, минбаъ ҳар чиро мехостанд дар Ироқу Сурия роҳандозӣ карданд.

Мехостам дар бораи а ндешаи асли ДОЪИШ чанд калом бигӯед.

Андешаи ин гурӯҳ он аст, ки танҳо худро дурусту барҳаққ медонанд ва мухолифони худро гумроҳ, кофир ё муртад мехонанд. Агар шумо ба торих ворид бошед, дақиқан тарзи тафаккуру аъмолашон бо гурӯҳи хавориҷ ё хориҷӣ, ки дар садри ислом, замони хилофати ҳазрати Алӣ, карамаллоҳу ваҷҳа, зуҳур карданд, монандӣ дорад. Хориҷиҳо низ бо фикр, андеша, таҳқиқ мухолиф буданд ва ҳар касе, ки бо онҳо мухолиф буд, ӯро аз байн мебурданд. Имрӯз ҳам ин гурӯҳ, як гуруҳи террористии мусаллаҳ бо андеша ва шеваи салафии ҷиҳодӣ мебошад ва аъзои он ташкили хилофати исломӣ ва иҷрои “шариъат” дар Ироқ ва Сурияро ҳадафи ниҳоияшон интихоб кардаанд. Аммо бо ин ду кишвар басандагӣ намекунанд, балки хоҳони тарвиҷи ақидаи худ дар саросари кишварҳои исломӣ ва тамоми рӯйи замин ҳастанд.

Ҳомиёни ДОЪИШ киҳоянд?

Дар ҳақиқат ин савол ҳамеша мавриди таҳқиқ аст, ки оё кадом тараф аз ин гуруҳи террористӣ ҳимоят мекунад ва бо кадом пул харҷи худашонро таъмин мекунанд. Метавонем ин суолро ба бахшҳои ҷудогона тақсим кунем:

Сармояи аввалияашон бе ҳеч шак аз ҷониби ҳомиёнашон, бо роҳбарии Арабистони Саъудӣ таҳия гардид. Онҳо аз ноамниву зиддият ва даргириҳое, ки дар Суриву Ироқ буд, истифода карда, вилояти Раққа ва манотиқе аз Ҳалаб ва атрофи Лозақия ва Рифи Димишқ ва Дейр-эй-Зор, Хумс, Ҳамо, Ал Ҳаска ва Идлиб дар Сурия ва ҳамчунин вилояти Мавсил ва Тикрит ва Ал Анбор ва дигар манотиқи кишвари Ироқро зери султаи худашон дароварданд. Дар манотиқ ҷойҳои муҳиме буд, барои ба даст овардани сарват. Ин гурӯҳҳо ҳам тавонистанд чандин чоҳи нафтро ба даст оранд ва ба сурати ғайриқонунӣ нафт бифӯрушанд ва даромади фаровоне ба даст оваранд. Аз тарафи дигар кӯмакҳои ғайримустақими давлатҳои арабӣ ба вижа Арабистони Саъудӣ, Қатар ва ҳамчунин кишвари Туркия, ки аз ҳомиёни ин гурӯҳ аст, дар истиқрори ин гурӯҳ муассир будааст.

Бояд инро ҳам гуфт, ки ҳарчанд кишварҳои арабии Халиҷи Форс ба Амрико ва кишварҳои аврупоӣ ҳамкорӣ мекунанд ва зарбаҳои ҳавоӣ ба минтақаҳои зери нуфузи Сурия ва Ироқ мезананд, вале натиҷаашон мушаххас нест ва зери парда бо ДОЪИШ ҳамкории моддӣ ва маънавӣ мекунанд. Имрӯз исбот шудааст, ки бештар террористҳое, ки ба ин гуруҳ мулҳақ мешаванд аз роҳи Туркия ва дигар кишварҳои Халиҷи Форс ба ин ҷо мераванд. Ин ҷо ҳаст, ки савол пайдо мешавад, ки агар ҳамкории байнулмилалӣ набошад чигуна ин гуруҳ тавонистаанд то ба ҳол бидуни таваққуф биҷанганд ва беҳтарин аслиҳаро ҳам дар даст дошта бошанд?

Дар маконе, ки Шумо алҳол зиндагӣ мекунед вазъият чӣ гуна аст?

Дар моҳи июни соли 2014 панҷ ҳазор мусаллаҳи ДОЪИШ ба таври комил шаҳри Мавсилро ба тасарруф дароварданд ва ҳамаи шаҳрро дар ихтиёр гирифтанд. Қаблан аз ҳузури танҳо се ҳазор нафар неруҳои ДОЪИШ суҳбат мерафт. Баъд мушаххас шуд, ки дар шаҳр боз ду ҳазору понсанд нафар аз хориҷ ба ин вилоят омада буданд ва бо сервисҳои иттилоотии мавҷуд дар шаҳри Мавсил ва 500 неруи дигари мавҷуд дар ин шаҳр тавонистанд шаҳрро ба тасарруф дароварданд ва неруҳои худро афзоиш диҳанд. Албатта набояд фаромуш шавад, ки теъдоди зиёде аз касоне, ки бо ин гурӯҳ пайвастанд ва фаъолона ҳамкорӣ мекунанд, аъзои собиқи ҳизби динситези БАЪС дар замони диктотури хуношом Саддом буданд. Онҳо аз ин, ки пас аз суқути режими Саддом ва аз вазъияте, ки шиъаён ва курдҳо ҳукумат дар даст гирифтанд, норозӣ буданд ва ба дунболи фурсат буданд, ки бо ин кор мавҷудияти худашонро собит кунанд. Аммо ҳангоме, ки ДОЪИШ Мавсилро ба тасарруфи худ даровард, бештари ононро канор гузошту бартараф кард.

Контроли Мавсил ва дигар шарҳрҳои суннинишин аз тарафи ДОЪИШ ба чӣ тарз аст?

То ҳоким шудан бар Мавсил ва дигар манотиқ ҳарфи ин гурӯҳ дигар буд. Ҳангоме ки ДОЪИШ Мавсилро гирифтанд шуруъ ба зулм бар зидди мухолифин карданд ва ҷиноятҳои фаровоне анҷом доданд ва ҳанӯз медиҳанд, ки на танҳо дин ва балки инсоният онро рад мекунад. Чӣ гуна инҳо дур аз инсоният ва башарият ҳастанд, корҳое анҷом доданд, ки ақл қабулаш намекунад. Кори онҳоро метавонем ваҳшигарӣ номем. Ба сурати хулоса, ҷиноятҳое, ки гурӯҳи ДОЪИШ дар Ироқ анҷом доданд ингуна мебошанд:


1.   Раҳо кардани зиндониҳо . Ҳангоми суқути Мавсил ва тасаллут пайдо кардани ДОЪИШ, онҳо ба бузургтарин зиндони маъруфи шаҳр ба номи Бодуш ҳамла бурданд ва дарҳои зиндонро гушудаанд ва тамоми касоне, ки ба ҷурми одамкушӣ, таҷовуз, дуздӣ ва ҳатто аъмоли террористӣ зиндонӣ буданд, озод карданд. Онҳо ба ДОЪИШ пайвастанд. Аммо дигар зиндониҳое, ки аз шиъа ва ё курд буданд ҷудо карданд ва беш аз 600 зиндониро тирборон карданд ва ҳамаи онҳоро ба қатл расониданд. Ба хусус нисбат ба шиъаҳо, ки ДОЪИШ онҳоро ба унвони кофир ва муртад мешиносанд, рафтори бераҳмона карданд. Ҷанозаҳояшонро ба партовгоҳ меандохтанд.

2.  Куштани қозиҳо ва кормандони системи додгоҳӣ . Теъдоди зиёде аз вакилон (адвокатҳо) ва додгоҳҳои шаҳри Мавсил ба манотиқи курднишин фирор карданд. Теъдоди зиёдеро ҳам ДОЪИШ ба қатл расонд. Баҳонаашон он буд, ки танҳо Худованд ҳукм иҷро мекунад ва инсон наметавонад ҳукмро содир кунад ва ҳукм ҳукми Худост ва дар ин чанд моҳи гузашта мо шоҳиди ба қатл расидани чандин вакил ва қозӣ дар Мавсил ва дигар манотиқ будем, бештари онон аз шахсиятҳои барҷаста ва фаъолу маъруфи Ироқ буданд.

Идомаи суҳбат дар сомонаи IslamNews.Tj