Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маъракаи ваксингузаронӣ ба кӯдакони синни аз 2 то 4-моҳаро оғоз кард. Дар ин маърака ҳудуди пз 150 то 200 ҳазор кӯдакони ин суннусоли кишвар фаро гирифта мешаванд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки маъракаи иммунизатсия (сироятнопазирӣ) бо мақсади пешгирии ба бемориҳо мубтало гардидани кӯдакон, сироятнопазир будани атфол ба он ва ҳамчунин беҳбуди сатҳи огаҳии аҳолӣ аз манфиатҳои чунин тадбирҳо гузаронида мешавад. Мавзӯи чорабинӣ«Маҳв намудани фосилаҳо дар иммунизатсия!» мебошад.

Иммунизатсия ҳамчун яке аз чорабиниҳои муваффақона ва самараноки соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи ҳаёт ва солимии одамон қабул гардидааст. Иммунизатсия боиси пешгирии миллионҳо ҳодисаҳои фавт аз бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мегардад.

Ёдрас мекунем, ки аз 20 то 25 апрели соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни даҳумин Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия ,ки ҳамасола бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад, ширкат меварзад.