Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 20 апре ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдориро доир намуд, ки дар он масоили марбут ба таъмир ва азнавсозии роҳҳои дохили дар маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси пойтахт ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки тавассути ҷалби потенсиали эҳсонкории фаъолони пойтахт, аҳли ҷамоатчигӣ, субъектҳои хоҷагидории шаҳр, ки метавонанд, дар суратҳисоби махсуси таъсисдодашавандаи шаҳрдорӣ дар БДА «Амонатбонк» ихтиёран ҳиссагузорӣ намоянд, бо инобати мусоид омадани боду ҳаво, маъракаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилимаҳаллаву шаҳракгузари шаҳр дар асоси лоиҳаҳои дахлдор оғоз  карда шавад.

Дар иртибот ба таъмини хизматрасонии бонизоми нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, инчунин баҳри коҳиш додани тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар шаҳр, ки аз 9 апрел воридшавии ҳамагуна воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ ба ҳудуди шаҳр манъ дошта шуда, таваққуфи онҳо дар чор даромадгоҳҳои шаҳр муайян карда шудааст, дар ҷаласа ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастур гардид, ки баҳри риояи муқаррароти мазкур дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи шаҳр, Раёсати Агентии зиддифасод ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёте тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намояд. Ҳамзамон Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозию Кумитаи идораи замини шаҳр вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таваққуфи воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ нуқтаҳои мушаххсаро муайян намоянд.

Инчунин, дар ҷаласа масоили андешидани тадбирҳои кадрӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр ва ноҳияҳо баррасӣ шуда, дастур гашт, ки раисони ноҳияҳо, сардорони раёсатҳои марбута барои ишғоли мансабҳои давлатӣ  аз 5 то 7 номзадҳои ҷавону соҳибихтисос ва арзандаро дар муҳлати 10 рӯз унвонии шаҳрдорӣ манзур созанд.

Дар ҷаласа оид ба ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ  ба масъулини бозорҳои коммуналӣ дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардида, бо мақсади аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, таъмини бехатарию бе тамбашавӣ ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингузари назди КВД «Бозори Шоҳмансур» қарор гардид, ки аз 1 –уми майи соли ҷорӣ дар бозори мазкур фурӯши як чанд намуд молу маҳсуот ихтисор гардида, барои идомаи фаъолияти соҳибкорон дар КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» нуқтаҳои савдо пешбинӣ карда шавад.

Баҳри таҳкиму вусъати корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр ва идомабахшии анъаноти шаҳрдорӣ оид ба расидагӣ ба арзу шикоятҳои сокинон бевосита дар маҳалҳо, Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки шуруъ аз 30 апрели соли 2015, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар ноҳияҳои пойтахт «Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо» бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрӣ  доир карда шавад.