Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ президенти ширкати “Asia Ridgers Foundation Investment Group CO Limited” Ма Хианглинг ва менежери генералии ширкати СR20G – и Ҷумҳурии мардумии Чин Минг Таоро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, зимни сӯҳбат ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки дуҷониба гуфтушунид намуданд.

Тавре дар аснои мулоқот зикр гардид, ширкати СR20G дар шаҳри Сиани Чин ҷойгир буда, он яке аз бузургтарин ширкатҳоест, ки ба лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳи оҳан, метро, шоҳроҳҳо, фурудгоҳ, пулу нақб обанбор ва ғайраҳо машғул аст. Маҳз аз ҷониби мутахассисони ин ширкат лоиҳаи бунёди обанборҳо дар минтақаи Исфанасойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Далаёни ноҳияи Ғончӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, айни ҳол корҳои омӯзишӣ идома доранд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар минтақаҳои мутазаккира норасоии оби полезӣ дар мавсими кишту кор эҳсос мешавад. Масалан заминҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов аз оби сойи Хоҷабоқирғон обёрӣ мешавад ва ин об барои обёрии комили заминҳои ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Ҷаббор Расулов басанда нест. Дар мавсими кишт кишоварзон обро бо навбат истифода мекунанд ва табиист, ки сохтмони обанбор танқисии оби полезиро аз байн мебарад ва сабаби фаровонҳосилӣ мегардад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ин иқдом изҳори хушнудӣ намуда,  таъкид намуд, ки сохтмони обанборҳо дар ин минтақаҳо имкон медиҳанд, ки  заминҳои зиёде обёрӣ гарданд. Зикр гардид, ки дар вилояти Суғд ду сол инҷониб ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома дошта, дар ин раванд хоҷагиҳои зиёди оилавию инфиродӣ таъсис дода шуд. Маҳз дар чунин хоҷагиҳои инфиродӣ саҳмдорон бо дили гарм меҳнат намуда, барои таъмини зиндагии худ талош мекунанд.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои тавсеаи ҳамкориҳо бо ширкати мазкур омода аст ва минбаъд низ барои амалисозии чунин лоиҳаҳо дастгирии ҳаматарафаи худро мерасонад.