Дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба хотири коргардони кино Бахтиёр Худойназаров, ки рӯзи 21 апрел дар Олмон дар синни 49-солагӣ аз олам даргузашт, бо иштироки дӯстону ҳамкорон ва ҳаводорони ӯ маросими ёдбуд доир гардид.



Дӯстону ҳамкорони ӯ, ки тӯли солҳои зиёд ҳамроҳи ӯ кор кардаанд, дар бораи ҳаёту эҷодиёт ва саҳми ӯ дар рушди кинои Тоҷикистону Русия ҳикоят карданд.


Ба гуфтаи коршиносон, Бахтиёр Худойназаров як ҳалқаи пайвасткунанда миёни мактаби кинои шӯравӣ ва муосир дар Тоҷикистон буд.


Аксари коргардонҳои ҷавон худро шогирди Бахтиёр Худойназаров шумурда, филмҳои ӯ барои онҳо ҳунари баланди санъати кино аст.


Ҳозирин аз ҳунари баланди Бахтиёр Худойназаров бо кафкӯбиҳо истиқбол менамуданд. Ӯ ҳамеша мустақилона роҳи ҳаёти худро интихоб намуда, нотакрор буд.


Моҳи окябри соли 2014 табибон дар ӯ бемории саратони ҷигарро ошкор карданд. Ба гуфтаи пайвандони коргардон, бо хоҳиши худаш ӯ дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Берлин ба хок супурда мешавад, ки тайи солҳои ахир он ҷо иқомат дошт.


Бахтиёр Худойназаров 29 майи соли 1965 дар Душанбе зода шудааст. Дар радиову телевизион ба ҳайси журналист ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба сифати ёвари коргардон фаъолият намудааст.

Соли 1989 бахши коргардонии Донишкадаи давлатии умумииттифоқи кинематография, гурӯҳи ҳунарии Игор Таланкинро хатм кардааст.

Филми нахустини ҳунарии ӯ бо номи «Братан» (Бародар) соли 1991 дар жанри Road-Movie дар биёбони Осиёи Миёна наворбардорӣ шуда, дар ҷашновараҳои байнулмилалӣ ба як қатор ҷоизаҳо сазовор дониста шуд.

Филми дуюми коргардон «Қош-ба-қош» (соли 1993), ки замони даргирҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон наворбардорӣ шуд, дар ҷашнвораи кинои Венетсия ба дарёфти ҷоизаи «Серебрянный лев» (Шери нуқрагӣ) шарафёб гардид.

Филмҳои аз ҷониби Бахтиёр Худойназаров наворбардоришудаи «Лунный папа» (Падари моҳтобӣ) бо ҳунарнамоии актёрон Чулпан Хаматова ва Морится Блябтрой дар соли 1999 низ аз ҷумлаи корҳои арзандаи ӯ ба шумор рафта, драмаи экологии «В ожидании моря» (Дар интизории баҳр) ба ифтитоҳи Ҷашнвораи VII кинои Рим дар соли 2012 ҳусни оғоз бахшид.