Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ ба ровии шабакаи телевизионии динии «Висоли ҳақ», ки тариқи моҳвора ва дар интернет пахш мешавад, Муҳамммад Ансорӣ ва андешаҳои ӯ перомуни ислом дар Тоҷикистон расман посух гуфтанд.

Дар барномаи рӯзи 22 апрел Муҳаммад Ансорӣ дар бораи аз ночорӣ ба фоҳишагарӣ даст задани занони тоҷик ва ба Тоҷикистон омадани шаҳрвандони хориҷӣ барои истифода аз ин хизматгузории занони тоҷик ҳикоят кард.

«Аксари духтарони беҳиҷоб маводи нашъаовар истеъмол мекунанд, ба дуздиву фоҳишагарӣ машғул мешаванд, аммо онҳоро айбдор донистан манъ аст. Ҳамин гуна тамоми духтарони ҳиҷобпӯшро низ набояд фоҳиша номид», - гуфт М.Ансорӣ.

«Агар шумо дар бораи демократия ҳарф мезанед, пас ба одамон озодӣ барои ба бар кардани сарулибосро таъмин кунед. Аммо дар асл одамон метавонанд озодона қаҳвахона (бар) кушоянд, вале сохтани масҷид манъ аст. Духтарон метавонанд ба фоҳишагарӣ машғул шаванд, вале агар ҳиҷоб ба бар карданӣ шаванд, инро ба онҳо манъ мекунанд», - ҳикоят карда буд ӯ дар барномааш.

Дар изҳороти дар ин робита интишоршудаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ шабакаи телевизионии «Висоли ҳақ» ва ровии он ба Тоҷикистон даъват карда мешаванд, то ки бо чашмони худ кишварро дида, бо озодиҳои динӣ дар он аз наздик ошно гарданд.

«Президенти кишвари мо дар ҳар як вохӯриву суханрониаш аз дин ба василаи як мактаби бузурги ахлоқӣ ёдовар мешавад. Бояд қайд кард, ки  эътиқодоти динии мардум бояд аз суи гурӯҳҳои сиёсӣ суиистифода нашавад, зеро таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя нишон дода истодаанд, ки сиёсикунии дин на ба манфиати ислом асту на ба манфиати мусулмонҳо», - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳорот ба Ансорӣ сабти беш аз 4 ҳазор масҷид дар Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ёдрас мешавад. «Чаро аз фаъолияти муассисаҳои динии Тоҷикистон лаб намекушояд? Чаро аз боби дастгирии роҳбари давлат нисбат ба арзишҳо, осор ва шахсиятҳои исломӣ, тарҷума ва интишори ройгони Қуръони карим, “Саҳеҳ”-и Бухорӣ, бузургдошти пешвои мазҳабии мо – Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, фароҳам сохтани фазо ва имконоти муносиб барои адои ҳаҷ ва умра ва амсоли инҳо ҳарфе намегӯяд???», - баён мегардад дар изҳорот.