Барномаҳои нахустини шабакаи нави телевизиони минтақавии Central Asian New TV (СNT, Телевизиони нави Осиёи Марказӣ) тариқи моҳвораи Eutelsat рӯзи 3 май бо забонҳои русиву тоҷикӣ пахш мешаванд. Дафтари асосии шабакаи телевизиони нав дар Шаҳри Бишкек воқеъ аст.

Муассиси гурӯҳи расонаҳои «Озодагон» ва ҳамчунин шабакаи телевизиони дар боло зикршуда Зафари Сӯфӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар баробари рӯйдодҳои Тоҷикистон, шабакаи нави телевизион рӯйдодҳо дар дигар кишварҳои минтақаро низ инъикос хоҳад кард.

Ба гуфтаи номбурда, соли 2011 ӯ лоиҳаи таъсиси шабакаи нави телевизиониро таҳия намуда, онро дар мақомоти давлатии Қирғизистон сабти ном кардааст. Ба савол дар бораи сарчашмаҳои маблағгузории телевизиони нав, номбурда посух дод, ки чун дар дигар лоиҳаҳои гурӯҳи расонаҳои қаблӣ, телевизиони нав низ аз ҳисоби воситаҳои шахсии худи ӯ маблағгузорӣ мешавад.

Зафар Сӯфӣ қайд кард, ки дар муқоиса бо Тоҷикистон ҷараёну расмиёти бақайдгирии шабакаи телевизион дар Қирғизиситон осонтару зудтар аст ва аз ин рӯ, тасмим гирифта шудааст, ки шабакаи телевизиони нав дар Бишкек боз мегардад.

«Барномаҳои CNT асосан ҷанбаҳои иттилоотӣ ва ҳамчунин фарҳангиву фароғатиро фаро хоҳанд гирифт. Тавре ман пештар ҳам гуфта будам, ба хотири наздикшавии мардуми мо барномаҳое таҳия мебояд кард, ки барои омӯзиши вижагиҳои фарҳангиву таърихии халқҳо ҳарчи бештар маълумот пешниҳод карда тавонанд. Дар ҳар кадоме аз кишварҳои фарогирандаи мавҷи телевизиони нави минтақавӣ амал кардани шабакаи худии журналистон зарур аст. Сарфи назар аз хусусияти минтақавӣ доштани он, мо талош хоҳем варзид, ки баҳри болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон ва таблиғи арзишҳои фарҳангии халқамон кор кунем», - иброз дошт ӯ.

Зафари Сӯфӣ ҳамчунин илова намуд, ки дар сурати тавсеъа ёфтани имконот, барномаҳои шабакаи нави телевизиони минтақавӣ бо дигар забонҳо низ пахш хоҳанд шуд.