Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев вобаста ба анҷом расидани марҳилаи аввал, яъне итмом ёфтани корҳои сохтмонӣ дар иншооти беназири Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Пойтахт-90», ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр сурат гирифтааст, бо мақсади вусъати раванди таҷҳизонидани муассисаи мазкур бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ  бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, масъулини дахлдор ва пудратчиёни ғолиби озмуни марбутаи шаҳрдорӣ дар ин хусус ҷаласа доир намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо инобати он, ки таҷҳизоти муосири тиббӣ аз рӯи охирин таҷриба ва дастовардҳои ҷаҳонии соҳаи тандурустӣ аз рӯи 27 лот харидорӣ мегарданд, Маҳмадсаид Убайдуллоев муқаррар сохт, ки дилхоҳ таҷҳизот мувофиқ ба шартҳои тендерӣ бояд бевосита аз суъбектҳои истеҳсолкунанда, ки дорои сертификат ва кафолати сифату истифодабаридошта мебошанд, бе миёнаравҳо харидорӣ ва дастрас карда шаванд.

Таъкид шудааст, ки набояд гузошт, то ки аз ин харид, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр баҳри табобат ва ҳифзи саломатии сокинони шаҳр равона шудааст, ширкатҳои миёнарав манфиатдор гарданд.