Бахшида ба 70-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ субҳи 8-уми май дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гузашти ҳарбӣ доир шуд.


Дар ҷараёни гузашти низомӣ беш аз 2 ҳазор афсару сарбози воҳидҳои низомии кишвар, аз ҷумла, Вазорати мудофиа, ВКД, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ, Горди миллии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва як воҳиди низомӣ аз Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.


Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва руасою вузарои кишвар, инчунин намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон дар пояи гулхани абадӣ гулчанбарҳо гузоштанд. 


«Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳо ва фарзандони далеру шуҷои худро ба майдони набард сафарбар намуд», - гуфт раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гузашти низомӣ.



«Беш аз 300000 нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст», - афзуд президент.


Ба гуфтаи раисҷумҳур, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба бар фашизм ба ҷаҳониён бори дигар собит менамояд, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо омили асосии сулҳу субот ва бунёди рӯзгори орому осуда буда, танҳо бо саъю талоши якҷоя бар зидди нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ кардан мумкин аст.


Бахусус, дар шароити ноором ва бисёр мураккаби имрӯза, ки таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодаанд, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан барои мубориза бар зидди хатарҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва миллатгароиву нажодпарастӣ бо мақсади тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ ва озодихоҳии наслҳо ниҳоят муҳим мебошад.


«Давлату ҳукумати кишвар собиқадорони ҷангу меҳнат, пирони рӯзгордида, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробонро минбаъд низ таҳти ғамхорӣ қарор медиҳад», - изҳор дошт раисҷумҳур.


Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озими пойтахти Русия шуд.