Муддати се рӯз аст, ки қисмате аз бозори бузурги маҳсулоти ғизойии пойтахт - «Саховат» баста шудааст. Савдогарони фурӯшгоҳҳои пеш, ки баста шудаанд, ҳар рӯз талаб мекунанд, ки ба онҳо имкони кор кардан дода шавад. Аксарият аз он шикоят доранд, ки барои тиҷорат қарз гирифтаанд ва маҳсулоти барои савдо харидаашон тез вайрон мешавад.