Дар доири супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирӣ ва таваҷҷуҳ нисбати қишри ниёзманди аҳолӣ бо дастури раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нақшаи расондани кӯмаки моддиро ба нафарони зикргардида омода намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, дар ҳамин асос кумитаи маҳаллаи маркази вилоят, бахшҳои дахлдори макомоти шаҳр вазифадор гардиданд, ки рӯйхати ин нафаронро омода намуда, ба масъулин пешниҳод намоянд.

Пешбинӣ мешавад, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ, соҳибкорон ва саховатмандон бештар аз ду ҳазор нафар шахсони эҳтиёҷманд аёдат карда шуда, ба онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ расонда мешавад.