Анонс

- Дар МД «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо шуъбаи Палатаи савдои ва саноати Беларус дар Могилёв вохӯрии соҳибкорони тоҷик бо истеҳсолкунандагони беларус дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ, саноати кимиё ва маводи ғизойиро барпо мекунад. Оғоз соати 10-00;

- Дар Қӯрғонтеппа иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони зхалқи вилояти Хатлон доир гардида, дар он масоили рушди картошкапарварӣ баррасӣ ва ҳисоботи раҳбарияти нозироти давлатӣ дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар самти риояи қонунгузории Тоҷикистон дар бахши меҳнат ва таъмини бехатарии он дар шаҳру навоҳии вилоят шунида мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 7 . 0045 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1195 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1922 – Дар Хоруғ Анҷумани I-уми Шӯрои Помири Ғарбӣ ба кор шурӯъ кард.

1947 – Таъсиси ҷамъияти «Дониш»-и ҶШС Тоҷикистон.

1974 — Лӯлаи интиқоли гази Душанбе – Келиф ба истифода дода шуд.

2007 — Дар Душанбе меҳмонхонаи нави «Asia Grand Hotel» боз шуд.

2008 — Хатти интиқоли барқи «Лолазор – Хатлон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

2008 — Сафоратхонаи Эрон дар ҶТ сомонаи расмии худ – www. iranembassy-tj.com – ро ба кор даровард.

2010 — Тоҷикистон ва Швейтсария конвенсия дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаро ба имзо расониданд.

2012 — Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ботканди Қирғизистон гаравгон гирифта шуда буданд, озод карда шуданд.

1936-1999 – Зодрӯзи журналист, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Мамадвафо Мамадризоев.

1937 – Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Худоӣ Шарифов.

1946 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гуландом Сафаралиева.

1958 – Мавлуди доктори улуми сиёсӣ, профессор Абдураҳмон Маҳмадов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +16+21.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +8+13, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона 0+5, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +21+26. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.    

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +35+37.