Ба муносибати 18-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе шоми имрӯз, 25 июн дар муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» маросими тӯйҳои хатнасури 360 наврасон ва арӯсию домодии 55 ҷуфт навҷавонон аз оилаҳои ниёзманди пойтахтро барпо мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, аз нимаи дуюми 25 июн Боғ ва аттраксионҳои он пурра ба баргузории чорабинии фарҳангӣ ва хизматрасонии тӯйдорон фаъол карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин маросим раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат варзида, соҳибҷашнонро бо туҳфаву мукофотпулиҳо қадр мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ба шарафи ин ҷашни бузурги миллӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ 7 иншооти гуногунтаъинот бо маблағи 441,2 млн сомонӣ бо таъсиси 558 ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода мешавад.