Ба муносибати 18-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мақомоти шаҳрдории Душанбе шоми рӯзи 25 июн дар муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» маросими тӯйҳои хатнасури 360 наврасон ва арӯсию домодии 55 ҷуфт навҷавонон аз оилаҳои ниёзманди пойтахтро барпо кард.

Тавре як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар ин маросим раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ба сифати кумаки молӣ ба ҳар кадоме аз навхонадорон 3 ҳар сомонӣ маблағ, сарулибос ва техникаи рӯзгордорӣ ва ба ҳар кадоме аз писарони соҳибҷашн 700 сомонӣ ва бозичаҳо тақдим кард. «Туҳфа ва кумаки молӣ аз ҳисоби сарпарастон ҳадя шуд», - гуфт манбаъ.