Сӯҳроб Қосимов, як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон, корманди шӯъбаи молияи сафорати Амрико дар Душанбе ва бародари овозхони маъруфи рэп Баха 84 (Бахтиёр Қосимов) дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж ба ҳалокат расид. Табибони фаронсавӣ сактаи қалбро як далели эҳтимолии марги ин шаҳрванди тоҷик медонанд, вале наздиконаш гуфтаанд, ӯ зоҳиран дар натиҷаи ҳамлаи ғоратгарон ҳалок шудааст.

Заррина Қосимова, хоҳари Сӯҳроб Қосимов рӯзи 29 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, бародари ӯ дар сафорати Амрико дар Душанбе кор мекард ва барои ширкат дар як тренинги кормандони сафорат ба Порис рафта ,зану кӯдакашро низ ҳамроҳаш бурдааст, аммо рӯзи 24 июн хабар додаанд, ки Сӯҳроб афтидааст ва ӯро ба бемористон бурдаанд.

Ба гуфтаи Зарина Қосимова, табибон ибтидо иллати марги ӯро сактаи қалб гуфтаанд, вале касе аз аҳли хонавода ба ин бовар накардааст: "Сӯҳроб ягон бор аз дарди дил шикоят надошт. Вай як марди ҷавони ҳамагӣ 35-сола, варзишгар ва бақувват буд. Баъде ки келинамон рӯзи 26 июн баргашт, бо худ натиҷаи хулосаи пешакии эксперти пулисро овард".

Бино бар ин санад, ки эксперти тиббии пулиси Порис Фабиeн Кол (Fabien Cole) имзо кардааст, ҳангоми ташхиси ҷасад дар ноҳияи пушти Сӯҳроб Қосимов пайи хун ва осори ҷароҳат дида мешуд.

Дилрабо Қосимова, ҳамсари Сӯҳроб низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст: "Ҳамон рӯз вақте ҷасадашро дар рӯи кӯча дидам, дар бинияш осори зарб дида мешуд. Ба ман гуфтанд, ки шояд ба рӯяш афтида, зарб хӯрдааст. Вале дар пушти Сӯҳроб низ пайи хун монда буд."

Ҳамсараш ба фарзияи сактаи қалб бовар надоштааст, чунки "Сӯҳроб дар 6 соли зиндагиамон ягон бор аз дил шикоят накарда буд. Ӯ як тарзи зиндагии хеле солим дошт. На сигор мекашид, на шароб менӯшид, ҳатто дору намехӯрд ҳеҷ гоҳ. Пайваста варзиш мекард. Онки бино ба санади расмии пулис, парванда бар асоси “ҷароҳати вазнин расондан ба саломатӣ” боз шудааст, низ нишон медиҳад, ки далели марги ӯ сактаи қалб нест".

Ба гуфтаи наздиконаш, азбаски Сӯҳроб Қосимов бо сафари корӣ ба Порис рафта буд, масъулияти интиқоли ҷанозаи ӯ ба Душанберо сафорати Амрико бар ӯҳда гирифтааст.

Сӯҳроб Юсуфҷонович Қосимов 21 июни соли 1980 дар Қӯрғонтеппа ба дунё омада, Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ дар шӯъбаи молиявии сафорати Амрико кор мекард.

Охирин пости Сӯҳроб Қосимов дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашри албоме бо се акс аз 21 июн бо номи "Сelebrating Birthday in Paris with Family" ("Таҷлили зодрӯз бо аҳли хонавода дар Порис") аст. Баъди ин саҳифаи ӯро дар Фейсбук таъзияномаҳои дӯстонаш пур кардаанд, ки хабари марги ӯро боварнокарданӣ меномиданд.

Аз Сӯҳроб Қосимов 3 фарзанд ятим монд. Калонии онҳо чорунимсола буда, хурдиаш, ки падару модарашро дар ин охирин сафари Сӯҳроб ба Порис ҳамроҳӣ мекард, ҳамагӣ 5 моҳ дорад.