Нашрияи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа» иттилоъ медиҳад, ки маъмурияти ҳукумати вилояти Хатлон ба корхонаи «Обу корези Қӯрғонтеппа» дар ҳаҷми 175 ҳазору 737 сомонӣ қарздор аст.

Аз корхонаи мазкур дар ин робита зикр карданд, ки то соли гузашта маъмурияти ҳукумати вилоят барои истифодаи об дар як сол ҳамагӣ 12 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт карда, аз соли гузашта маблағи истифодаи об тибқи нишондиҳандаи ҳисобкунаки об муқаррар карда мешавад, ки ҳар моҳ беш аз 1 ҳазор сомонӣ ҳаққи пардохти обро сабт мекунад ва ин ҳам бидуни назардошти истифодаи об дар бӯстонсаро ва истгоҳи мошинҳои ҳукумат.

Қайд карда шуд, ки барои саривақт пардохт нашудани 128 ҳазору 824 сомонӣ маблағи истифодаи об, корхона аз болои литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Қӯрғонтеппа ба суд шикоят бурдааст ва ин шикоят айни замон баррасӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки қарзи умумии истеъмолгарон назди корхонаи «Обу корези Қӯрғонтеппа» 1 млн. 802 ҳазору 51 сомониро ташкил медиҳад, ки қарзҳои аз ҳама бештар ба маъмурияти вилояти Хатлон - 175 ҳазору 737 сомонӣ, Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав - 135 ҳазору 375 сомонӣ ва воҳиди пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар дар Қӯрғонтеппа - 103 ҳазору 680 сомонӣ рост меоянд.