10 дарсади омӯзгорони Донишгоҳи исломии Тоҷикистон аз санҷиши сатҳи тахассусӣ (аттестатсия) нагузашта, ихтисор карда шуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон Тоҷиддин Асомуддинзода иттилоъ дод, аттестатcияи омӯзгорон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ гузаронида шуда, аз рӯи натоиҷи аттестастия беш аз 90 дарсади омӯзгорон соҳибихтисос эътироф ва 10 дарсади дигари онҳо ихтисор шуданд. «Акнун Донишгоҳи исломии Тоҷикистон рӯзҳои оянда дар рӯзномаи соҳавии Омӯзгор барои омӯзгорон дар бораи эълони озмун маълумт хоҳад дод», - гуфт ӯ.

Ба қавли ректор, аз моҳи сентябри соли равон дар нақшаи таълимии донишгоҳи исломӣ тағйирот ворид шуда, акнун донишҷӯён соҳиби ду ихтисос мешаванд -  ҳам ихтисоси информатика ва ҳам забони арабӣ. «Қаблан онҳо фақат соҳиби як ихтисос мешуданд, ки ин ҳам бошад дарс гуфтан аз забони арабӣ буд», - гуфт номбурда.

Интизор меравад, ки дар соли нави таҳсил Донишгоҳи исломӣ беш аз 300 донишҷӯёнро қабул кунад.