Қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи аз 30 апрел то 31 декабр рӯзҳои панҷшанбе гузаронидани рӯзҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мутаваққиф карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс»» як манбаъ аз маъмурияти раиси шаҳр иттилоъ дод.
Ба қавли манбаъ, раиси шаҳр чунин қарорро дар робита бо моҳи шарифи Рамазон ва гармии тоқатфарсо дар шаҳр қабул кардааст.
Ёдрас мекунем, дар чаҳорчӯби баргузории рӯзҳои пойтахт дар шаҳраку маҳаллаҳо камиссияи махсус таъсисёфтаи мақомоти шаҳрӣ бо мушкилоти сокинон шинос мешаванд. Ба ҳайати комиссия намояндагони хадамоти коммуналӣ, шабакаҳои барқу обтаъминкунӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил ҳастанд.
Онҳо муддати рӯзи пешакӣ муайяншуда бо аҳолӣ суҳбат анҷом дода, арзу шикоят ва пешниҳодоти онҳоро қабул мекарданд. Кори комиссия дар шаҳракҳо ҳамон рӯз дар маҷлис бо ҳузури раиси шаҳри Душанбе Махмадсаид Убайдуллоев натиҷагирӣ карда мешуд.
Видоъ бо Иброҳим Раисӣ дар Душанбе
Мотами миллӣ дар Эрон. Иброҳим Раисӣ кӣ буд, чӣ гуфт ва чӣ кард?
Гумонбарони амали террористӣ дар “Крокус” аз қарори тамдиди муҳлати боздошт шикоят набурданд
Нархи карбамид дар Тоҷикистон ду баробар поин рафт
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста