Ҳангоми супурдани имтиҳоноти ҳатмӣ аз забони русиву таърих ва асосҳои қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз луғатҳо истифода кунанд, ки дар онҳо истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ ва таърих аз тестҳо тарҷума шудаанд. Дастурҳои методӣ барои муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Туркия, Корея, Қирғизистон ва Ветнам аллакай таҳия шудаанд.

Нашрияи Известия дар ин робита менависад, барои муҳоҷирон китоби дарсӣ барои омӯзиши забони русӣ омода шудааст, ки дар он дастури гуфтугӯйӣ бо иборахои тез-тез истифодамешуда ҷой дода шудааст ва муҳоҷирон онро бепул дар марказҳои тестӣ ва ҷойи корашон дастрас карда метавонанд.

«Барои кумак ба муҳоҷирон зимни супурдани имтиҳонот луғатҳо нашр шудаанд, ки дар онҳо истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ, бахшҳои таъриху фарҳанги тестҳои имтиҳонотӣ бо забони модарии муҳоҷирон тарҷума шудаанд. Айни замон луғатҳо бо забонҳои тоҷикӣ, туркӣ, кореягӣ, қирғизӣ ва ветнамӣ омода аст», - иттилоъ медиҳад нашрия.

Зимнан зикр мегардад, ки на ҳамаи муҳоҷирон маротибаи аввал ба супурдани имтиҳон муваффақ гардида, тақрибан 15%-и онҳо аз уҳдаи супоридани тестҳо намебароянд.