Барои афзоиши маошу нафақа ва стипендияҳо дар Тоҷикистон аз 1 сентябри соли ҷорӣ Вазорати молияи кишвар 320 млн. сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки аз 1 сентябр болоравии музди меҳнати кормандони сохтори буҷетӣ ва ҳамчунин нафақаву идрорпулиҳо дар назар буда, бо ин мақсад ҷудо гардидани 329 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

«Афзоиши музди меҳнати кормандони мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 15%, кормандони бахши маориф, тандурустӣ ва фарҳанг - 20%, нафақапулӣ - 25% ва стипендияҳо - 30% пешбинӣ мешавад», - иброз дошт ӯ.

Муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ ҳамчунин илова намуд, ки ин воситаҳо асосан аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ҷудо карда мешаванд.