Вазорати молияи Тоҷикистон ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Шуғнони Бадахшон ба сифати кумак 1 млн. 286 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард.

«Ин воситаҳоро мо шоми дирӯз ба осебдидагон фиристодем», иттилоъ дод муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода ва қайд кард, ки ин кумак ба нафарони таъиншуда бояд аллакай расида бошад.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ аз фонди захиравии президенти мамлакат ҷудо гардида, ба оилаҳое, ки манзилашон пурра хароб шудааст, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва оилаҳое, ки хонаашон қиман вайрон шудааст, 6 ҳазор сомонӣ бар ҳар кадоме кумаки якдафъаина расонида мешавад.

Муовини аввали вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки ба оилаҳои аз офати табиӣ осебдида қитъаҳои замин барои сохтмони манзили нав  ҷудо гардида, «хонаҳо пурра барқарор карда мешаванд».

Бино ба маълумоти ҳукумати ҶТ, бар асари офати табиӣ дар деҳаҳои Барсем ва Бердибековободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ 72 манзил пурра хароб шуд.