Бино ба маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон, танҳо нимсолаи аввали соли 2015 дар қаламрави кишвар 1 ҳазору 77 далели содир шудани ҷиноят аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 662 далел зиёдтар мебошад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилиа назди ҳукумати ҶТ Махфират Хидирова зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки аз ин шумор 1 ҳазору 53 ҷиноят аз ҷониби занон ва 24 ҷиноят аз ҷониби духтарон содир шудааст, ки дар муқоиса бо нимсолаи авали соли гузашта 17 ҳолат бештар аст.

«Аксари далелҳои ҷиноятҳои дар ин давра аз тарафи занон содиршуда дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд, ки 518 ҳолатро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Душанбе - 289, Рашт – 144, вилояти Хатлон - 93, ВМКБ – 9 ҳолати ба ҷиноятҳо даст задани занону духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шуд», - иброз дошт Хидирова.

Ба гуфтаи ӯ, тайи 6 моҳи соли ҷорӣ 326 ҳолати даст ба худкушӣ задани занон ва духтарон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба нимсолаи авали соли гузашта 8 ҳолат зиёдтар мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки давоми ним соли 2015 дар Тоҷикистон 4 ҳазору 539 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст, ки дар мукоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 124 ҳолат камтар мебошад.