Анонс

- 25 июл дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

- 25-26 июл дар ноҳияи Муъминобод Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қаиқронӣ миёни наврасони солҳои таваллуди 1998-2001 барпо мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 6.8837 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1170 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

25 Июл

Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ.

1984 – Кайҳоннавард Светлана Савитская миёни занон бори нахуст ба кайҳони кушод баромад.

2008 — Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама гуна санҷишҳои субъектҳои соҳибкории хурду миёна моратория эълон шуд.

2009 — Дар Хоруғ бо иштироки намояндагони Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон фестивали фарҳангиву экологии «Боми ҷаҳон» доир гардид.

1925-1995 – Зодрӯзи арбоби ҷамъиятӣ, иштирокчии фаъоли ҶБВ, пулемётчӣ Мирзо Бобоҷонов, ки аслиҳаи ӯ дар яке аз осорхонаҳои Маскав нигоҳ дошта мешавад.

1940 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Лола Баракаева.

1945 – Зодрӯзи журналист Аъзам Мӯсоев.

1947-1997 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳотам Юнусов.

26 Июл

1993 — Дар Русия пулҳои истеҳсоли шӯравӣ (барориши солҳои 1961-1992) аз муомилот бароварда шуда, дар қаламрави ин кишвар рубли нави русӣ ҷорӣ гардид.

2001 – Дар Минск сарони кишварҳои Белорусу Тоҷикистон А.Лукашенко ва Э.Раҳмонов дар бораи афзудани ҳаҷми интиқоли нахи пахтаи тоҷик ба Белорус то 5 ҳазор тонна ба мувофиқа расиданд.

2002 – Бо фармони президенти ҶТ низоми иҷрои ҷазои ҶТ аз ВКД ба тобеъияти Вазорати адлия гузаронида шуд.

2003 – Суди олии ҶТ иштирокчиёни куштори журналистон В.Никулин ва М.Олимпурро ба 22 ва 15 соли зиндон маҳкум кард.

2006 — Бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод маросими анҷоми корҳои асосӣ дар нақби «Истиқлол» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки истеҳсоли тракторҳои «Ҳумо» доир гардид.

2007 — Бо фармони презимденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 Соли забони тоҷикӣ эълон шуд.

1955 – Зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Юнусалӣ Эргашев.

1958 – Мавлуди журналист Бӯрибек Бӯрибеков.

Вазъи обуҳаво

25 Июл

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +24+29, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +14+19, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +18+23.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат меборад.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +25+27, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +26+28.

26 Июл

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +28+33.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона +7+12, рӯзона +17+22.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +28+33. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +39+41.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда,борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +25+27.