Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ дар робита ба сар задани баъзе сарусадоҳо ва шарҳи баъзе аз истифодабарандагони шабакаи Интернет дар мавриди ҷамъоварии маблағ аз ҳаҷравандагон барои кӯмак ба осебдидагони офатҳои табииро рад мекунад.

Дар изҳороти дар ин робита интишоршуда Кумита зикр мегардад, ки аз ҷониби Кумита ба шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин маврид дастуре дода нашудааст ва хабари мазкур асоси воқеъӣ надорад. 

«Инчунин, аз ҳамаи зоирини мавсими “Ҳаҷ-2015” хоҳиш менамоем, ки дар ҳолати пайдо гардидани ҳар гуна суол дар ин бобат ба мақомоти ваколатдор тамос гиранд», - омадааст дар изҳороти Кумита.

Қобили зикр аст, ки имсол 6 ҳазору 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд. Арзи ҳаҷҷи имсолаи тоҷикистониён ҳудуди 23 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 3 ҳазору 800 доллари ИМА мукаррар шудааст. Соли гузашта арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 18 ҳазору 165 сомонӣ ё худ 3 ҳазору 650 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, имсол ҳукуматдорони Тоҷикистон ба синнусоли зоирин низ маҳдудият ҷорӣ кардандв а шаҳрвандони синни то 35-сола аз ҳуқуқи адои маросими ҳаҷ маҳрум карда шуданд. Ҳадафи қабули ин қарорро «эҳтиром гузоштан ба афроди калонсолу пирон, ки орзуи зиёрати Хонаи Худоро доранд», шарҳ дода буданд.