Рӯзи 27 июли соли 2015 Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ҷаласаи клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистонро баргузор намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти кунунӣ ва нақша-чорабиниҳои ояндаи клубҳо мавриди  муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон дар рафти ҷаласа 5 аъзои нав ба узвияти клубҳои ЮНЕСКО-и Тоҷикистон қабул гардиданд.

Бояд гуфт, ки дар рафти ҷаласа аъзоёни клубҳои ЮНЕСКО ба мувофиқа расиданд, ки бахшида ба 70 - солагии Созмони ЮНЕСКО муштаракан як қатор чорабиниҳо баргузор намуда, минбаъд баҳри боз ҳам тавсеа бахшидани ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО дар ҷумҳурӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Дар фарҷоми ҷаласа ба тамоми аъзоёни клубҳои ЮНЕСКО гувоҳинома  супорида шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО баъд аз ду соли таъсисёбии Созмони ЮНЕСКО оғоз гардида, аввалин клуби ЮНЕСКО 19 ноябри соли 1947 дар шаҳри Сендайи Япония таъсис ёфт. Ҳадафи асосии клубҳои ЮНЕСКО ташвиқу тарғиби ғояҳо ва арзишҳои ЮНЕСКО дар ҷаҳон, мусоидат ба тафоҳуми байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва сулҳи умумиҷаҳонӣ  ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба ҳаракати клубҳои ЮНЕСКО соли 2011 дар ҳайати 4 клуб фаъол гардида буд.