Нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 433 ҷасади тоҷикистониён оварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҷасад зиёдтар мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар Русия ин шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун, аз қабили куштор – 19 ҳолат, беморӣ – 232 ҳолат, ҳодисаҳои нохуш – 93 ҳолат, садамаи нақлиётӣ – 60 ҳолат, худкушӣ – 11 ҳолат ва дигар омилҳо – 18 ҳолат фавтидаанд.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнат, моҳи июни соли ҷорӣ 1 млн. 543 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд. Тӯли 6 моҳи соли равон 638 ҳазору 934 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия сафар карда, аз ин шумор 546 ҳазору 76 нафарашон худро дар қайди муҳоҷират гузоштаанд.

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия хабар медиҳад, ки 292 ҳазору 800 шаҳрванди Тоҷикистон патенти иҷозати фаъолияти корӣ гирифта, боз 4 ҳазору 31 нафари дигар барои кор иҷозатнома дастрас кардаанд (ба сурати умум беш аз 70 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор иҷозатнома доранд).