Раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ Нуриддин Қаршибоев зимни суханронӣ дар як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди нашри иттилооти расмӣ танҳо тариқи “Ховар”-ро баррасӣ карда, зикр кард: “Мо аз рӯзе, ки ин протокол пайдо шуд, таъкид кардем, ки ин нақзи ҳуқуқи расонаҳо аст, зеро бо ин протокол тамоми дастовардҳое, ки дар соҳаҳои дастрасӣ ба иттилоот дар Тоҷикистон дар 5 - 10 соли ахир ба даст омада буданд, мо ба нестӣ мебарем. Ин протокол хилофи конститутсия ва меъёрҳои қонунгузории соҳавӣ аст ва ҳамзамон ин протокол  бар хилофи ҳафт пункти консепсияи амнияти иттилоотӣ аст”.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки онҳо бо як усули амрдиҳӣ мехостанд мақоми “Ховар”-ро боло баранд: “Дар фазои иттилоотӣ ҳамаи субъектҳо ҳуқуқи баробар доранд ва набояд субъекти иттилоотӣ аз дигар субъектҳо бартарияти бештаре дошта бошад. Ва мушкили “Ховар” мақоми ҳуқуқии он нест, мушкил дар менеҷменти идораи “Ховар” аст ва бояд дар ин самт, на ин ки бо ҳар гунае мавқеи худро дар фазои иттилоотӣ пайдо кунанд. Пайдо шудани ин протокол боиси нигаронии ҷомеаи рӯзноманигорӣ шуд, бо ду сабаб. Сабаби якум мехостанд, ки протоколро пинҳонӣ кунанд, сабаби дуюмаш баъди ошкор шуданаш ҳам намехоҳанд, ки камбудиашонро эътроф кунанд ва онро ислоҳ кунанд”.

“Ман гумон мекунам, ки дастрасӣ ба иттилоот ин як таҳдид ба амнияти ҷомеа, амнияти иттилоотӣ ҳам нест, балки ВАО-и мустақил метавонанд ҳамчун гарави сулҳу субот хизмат кунанд”, изҳор дошт  Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО-и ҶТ.

Ахиран, хабаргузории “Озодагон” суратҷаласа ё протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистонро дарёфт кард, ки дар инҳисори хабаргузории “Ховар” қарор додани иттилооти расмии кишварро тасдиқ мекунад. Ин қарор, ки аз ҷониби коршиносони умури ВАО “дастури хавфнок” арзёбӣ шудааст, дар ҷаласаи ҳукумат рӯзи 30 июни соли равон қабул гардидааст.

Дар суратҷаласа ё протоколи ин маҷлис ном ва насаби раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон навишта шуда дар он гуфта мешавад, иттилооти расмӣ ибтидо ба АМИТ “Ховар” ва аз тариқи “Ховар” ба дигар расонаҳо пешниҳод шавад. Дар суратҷаласаи мазкур аз ҷумла гуфта мешавад: “Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа), Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, Агенти миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Раёсати илму маърифат минбаъд ҳамаи хабарҳои расмӣ, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохили кишвар ва хориҷ аз он, маҷлисҳо, вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳурявӣ ва соҳавии дахлдор ба воистаи АМИТ “Ховар” ба роҳ монда шуда, пас аз он барои пахши барнома ё иттилоот ба дигар васоити ахбори омма аз ҷониби агентӣ фиристода шавад. Иштироки намояндаи ҳатмии “Ховар” дар чорабиниҳои зикргардида дар назар дошта шавад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти далатӣ аз натиҷаи иҷрои супоришҳои протоколи мазкур ба ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд”.