Дар ҷаласаи махсуси мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинони худ Шакарбек Самадов, Шуҳрат Мақсудзода ва раисони ноҳияҳои пойтахт дастур додааст, ки сабаби аз фаъолият бозмондани як қатор корхонаҳои шаҳрро муайян намуда, барои барқарор кардани кори онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, М.Убайдуллоев аз сохторҳои дахлдор тақозо намудааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои кормандони корҳонаҳои фаъолияташон қатъшуда ва ҳамчунин афроде, ки ба рухсатии маҷбурӣ бидуни пардохти маблағ фиристода шудаанд, чораҳои таъҷилӣ андешида шавад.

Раиси шаҳри Душанбе ба муовинонаш дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон то ахири соли равон лоиҳаи барномаи рушди саноати сабук дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2016-2017-ро омода созанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин ҷаласа ҳамчунин ба сохторҳои марбута ҷиҳати омода кардани шаҳр ба мавсими тирамоҳу зимистон ва таъмини  аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, М.Убайдуллоев аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори шаҳр тақозо намудааст, ки фаъолияти ҳамаи фурӯшгоҳҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматгузории маиширо, ки худсарона сохта шудаву фаъолият мекунанд, қатъ созанд.

Дар ҳамин ҳол, ӯ ба масъалаи ошкор кардани афроде, ки ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ дар шаҳр машғуланд, низ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.