Анонс

- Дар Маркази исмоилия дар шаҳри Душанбе конфронси ниҳоии минтақавии Нишасти умумиҷаҳонӣ оид ба масоили гуманитарӣ барои 16 кишвари Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ ҷараён дорад;

- Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти хабарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

- Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 11-00;

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  6.2602 сомонӣ;

1 евро – 6.9044  сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1110  сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1961 — Анҷумани I-уми зиёини Тоҷикистон доир гардид.

2004 – Шомгоҳон дар назди манзили зисташ сардабири ҳафтавори «Рӯзи нав» Раҷаби Мирзо мавриди лату кӯб қарор гирифт.

2009 – Сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон Э.Раҳмон ва О.А. Зардорӣ зимни мулоқоти дуҷониба оид ба ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни кишварҳо ба тавофуқ расиданд.

2012 — ҲНИТ расман ҳалокати раиси бахши ҳизб дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоевро тасдиқ кард.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Раҳим Ҳошимов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +15+20, рӯзона +30+35.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +26+31.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +17+22, рӯзона +30+35; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +17+22.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ дар назар аст.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +29+34. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +32+34.