Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки дар даст ба худкушӣ задани сокини шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёрова, ки бо 4 нафар кӯдакони хурдсолаш худро ба дарё партофта буд, ҳамсараш гунаҳкор аст.

Дар робита ба ин ҳодисаи ҳамин зимистон рухдода Идигул Қосимзода дар нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки Зуҳро Маҳмадёроваи 24-сола барои танҳо духтар таваллуд карданаш мудом зери таънаи шавҳараш қарор доштааст, ки ин ҳолат ба фоҷеа боис гардидааст. «Шавҳараш баъдан ба ман гуфт, ки шӯхӣ кардааст, вале тавре мебинед, зиндагӣ шӯхӣ нест», - иброз дошт ӯ.

Раиси Кумита аз бетарафӣ ва бепарвоии атрофиён, ки то ҳодиса Зуҳроро дар пул дидаанду вале касе ӯро аз ин роҳ барнагардонидааст, нигаронӣ изҳор намуд. «Ман дар ҷойи ҳодиса будам ва муддати 10 дақиқае, ки он ҷо истодам, аз наздам қариб 100 автомашина гузашт ва ин ҳам дар ҳолест, ки Зуҳро 2,5 соат дар он пул истода буд», - қайд кард номбурда.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 5 феврали соли равон сокини деҳаи Дӯстии шаҳри Норак Зуҳро Маҳмадёроваи 25-сола бо 4 духтараш худро аз болои пул ба дарёи Вахш партофт. Ҳамаи онҳо ғарқ шуда, ҷасадҳои модару духтаронаш - дугоникҳо Кибриё ва Хадича, Маърифати 5-сола ва Рафоати 4-соларо наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дарёфта, ба кормандони милитсия супурдаанд.