Баъди ду моҳ дар шаҳри Ваҳдат сохтмони зиндони навъи ҳуҷравӣ барои маҳкумшудагон ба терроризм ба охир расида, ин иншоот мавриди баҳрабадорӣ қарор мегирад.
“Корҳои сохтмон дар иншоот ҳоло идома дошта, умедворем, ки баъди ду моҳ сохтмон ба итмом мерасад, зеро корҳои асосӣ дар он аллакай ба анҷом расидаас”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров.
Ба гуфтаи ӯ, маҳбусони Муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт ба зиндони нав гузаронида мешаванд. Тақдири ояндаи зиндони куҳна чӣ мешавад, ҳоло маълум нест.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябр Мансурҷон Умаров дар як форум изҳор дошта буд, ки лоиҳаи сохтмони зиндони нав аз ҷониби мақомоти масъул дар ҳамдастӣ бо мутахассисони пажуҳишгоҳи лоиҳавӣ бо назардошти талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ таҳия шудааст.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳии ҷиноятӣ амал мекунанд, ки 13-тоаш муассисаи ислоҳӣ ва 6-тоаш ҷойҳои таҳти ҳабс нигоҳ доштан мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста