Шаҳри Душанбе расман эстафетаро аз шаҳри Чимкенти Қазоқистон қабул карда, соли 2021 пойтахти фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуд.
Дар маҷмааи таърихиву фарҳангии “Ситадел”-и шаҳри Чимкент рӯзи 22 ноябр маросими тантанавии пӯшидашавии соли “Чимкент – пойтахти фарҳангии ИДМ-2020” ва супурдани эстафета ба шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе.
Пас аз суханронии ҳокими шаҳри Чимкент котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев бо паёми шодбошӣ ба сокинону меҳмонони шаҳр муроҷиат намуда, дар вазъи тантанавӣ эстафетаро ба шаҳри Душанбе супурд.
Аз ҷониби Тоҷикистон бо паёми шодбошӣ консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон Баҳоду Назир суханронӣ кард.
Дар ҳамин ҳол, корвони рамзӣ бо навиштаҷоти 2200 (рамзи синни шаҳри Чимкент) бо 2200 тӯмор ва 2200 бех гули лола бо Роҳи Абрешим ба шаҳри Душанбе раҳсипор шуд, илова карданд дар шаҳрдорӣ.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори сарони кишварҳои ИДМ соли 2018 дар ҷаласаи Шӯро шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 муқаррар шуд. Ҳадаф аз он рушди муколама ва муттаҳид сохтани имконоти фарҳангии кишварҳои узви ИДМ мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.