Қаллобон акс ва номи Дариға Назарбоеваро барои сохтани саҳифаи қалбакии Facebook истифода кардаанд. Ин саҳифа рӯзи 2 январ дар шабакаи иҷтимоӣ пайдо шуд ва барои гузаронидани бозии бурдноки пулӣ истифода мешавад.

Матлаб дар бораи бозии бурднок дар тӯли якчанд соат зиёда аз 900 шарҳи корбаронро ҷамъ овард. Онҳо бо фикри он ки дар лотереяи бурднок иштирок мекунанд, шарҳ мегузоранд.

Ин саҳифа тақаллубист. Ин яке аз маъмултарин схемаҳо дар Интернет мебошанд. Истиноди дар пост зикршуда Шуморо ба сомонаи фишингӣ мебарад.

Аз корбар даъват карда мешавад, ки варақаро пур кунад, маълумоти шахсӣ ва рақами корти бонкиро ворид кунад, ки гӯё ин барои пардохти маблағи бурдшуда лозим мешавад. Пас аз ин, маблағ аз суратҳисоб ғайб мезанад.

Ин бори аввал нест, ки қаллобон барои фиреб додани корбарон саҳифаҳои бардурӯғ месозанд. Қаблан дар Фейсбук аллакай сафҳаҳои қалбакии Алия ва Дарига Назарбаеваҳо, инчунин Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев низ пайдо шуда буданд.

Фишинг чист?

Фишинг як намуди қаллобӣ дар интернет мебошад, ки ҳадафи он дастрасӣ ба маълумотҳои шахсӣ ва ба даст овардани рамз ва логини корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

Фишинг аз калимаи англисии phishing аз fishing "моҳидорӣ” гирифта шудааст. Техникаи фишинг соли 1987 ба таври муфассал тавсиф шуда буд ва худи ин истилоҳ 2 январи соли 1996 дар гурӯҳи хабарии alt.online-service.America-Online Usenet пайдо шудааст.

Фишингерҳо тавассути фиристодани мактубҳо аз номи брендҳои машҳур, инчунин паёмҳои хусусӣ дар доираи хидматҳои гуногун, масалан, аз номи бонкҳо ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақсадҳои худ ноил мешаванд. Дар мактубҳои ирсолшуда онҳо аксар вақт пайванди мустақим ба сомонаи қалбакии худро мегузоранд, ки он аз сомонаҳои аслӣ фарқияте надорад. Вақте корбар ба сомонаи қалбакӣ ворид шуд, қаллобон аз усулҳои равонӣ истифода бурда, кӯшиш мекунанд, то корбарро барои даромадан ба аккаунти худ бовар кунонанд. Вақте корбар рамзу логини худро навишта ба аккаунт ворид мешавад, қаллобон ба он дастрасӣ пайдо мекунанд. Бо ин роҳ онҳо метавонанд ба суратҳисобҳои бонкии корбарон низ дастрасӣ пайдо кунанд.

Фишинг яке аз намудҳои муҳандисии иҷтимоӣ буда, дар асоси надонистани амнияти шабакавии корбарон ташкил шудааст: Аз ҷумла, қисми зиёди корбарон намедонанд, ки сомонаҳои хизматрасон, ҳеҷ гоҳ аз корбарони худ хоҳиш намекунанд, ки маълумотҳои аккаунти худ, рамз ва логин ва ғайраро ба онҳо хабар диҳанд.

Барои муҳофизат аз фишинг, созандагони браузерҳои бузурги интернет байни ҳам созиш карданд, ки аз усулҳои ягона барои огоҳнамоии истифодабарандагон дар бораи сомонаҳои шубҳанок, ки ба қаллобон рабт доранд истифода баранд. Версияҳои нави браузерҳо аллакай аз ин хусусиятҳо бархӯрдоранд, ки онҳо "анти-фишинг" ном доранд.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!