Муовини аввали раиси хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев, гуфт, ки агар дар куҷо будани раиси Хадамот Бег Сабуровро бигӯяд, рӯзноманигорон онро ба таври худ маънидод мекунанд.
«Агар ҳоло ман бигӯям, шумо ба таври худ маънидод мекунед, вале раиси хадамот - Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор дорад. Ӯ як шахси боз аст ва агар шумо саволе доред, метавонед муроҷиат кунед ва он кас шуморо мепазирад", - чунин посух дод Илҳом Атоев ба суол дар бораи ин ки чаро худи Бег Сабур дар нишасти матбуотӣ ширкат намекунад.
Мавзуъи ширкат накардани Бег сабур дар нишастҳои матбуотӣ солҳои ахир яке аз суолҳои ҳамешагӣ дар нишастҳои матбуотии ин ниҳод аст. Ҳар замон масъулони Хадамоти алоқа далели ҳузур надоштани раисашонро ба ҳар мавзуъе марбут медонанд.
Аммо бархеҳо бар ин назаранд, ки вақте Бег Сабур дар чанд нишасти ин ниҳод ба иштибоҳҳо ё лағзишҳое роҳ дод, дигар баъди он дар нишастҳои матбуотӣ ҳузур пайдо накард.
Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз, 1.02.2021 нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз шуд, ки нишасти нахустин аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
"Репатриант" – роҳи дигари муқим шудан дар Русия. Ин чӣ мақом аст ва кӣ метавонад аз он истифода кунад?
Ҳукумати Тоҷикистон ба НБО “Роғун” 5,5 млн доллар маблағи иловагӣ равона мекунад
Сафири Русия ба ВКХ даъват шуд. Тоҷикистон нигаронии худро оид ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия иброз дошт
Роҳбари ҶДММ “Лоиқ”: “Санҷиши Агентии зиддифасод дахолат ба фаъолияти соҳибкорӣ аст”
Тоҷикистон медал намегирад? Пешгӯии таҳлилгарон оид ба Олимпиада-2024
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста