Дар вилояти Хатлон ҷоизаи наве ба номи донишманди шинохта Соҳиб Табаров дар бахши нақди адабӣ таъсис додаанд.
Маркази матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки ҳукумати ин вилоят тасмим гирифтааст бо эълони ҷоизаи мазкур, барои тарғибу ташвиқи адабиёти миллӣ, баланд бардоштани сатҳи ғоявӣ, бадеӣ, ҳавасмандагрдонии адибон ва муҳақиқони соҳаи адабиёт ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаровро таъсис бидиҳад.
Барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза олимон, адибон, муҳақиқони соҳаи ададбиёт, мунақидоне, ки дар муассисаҳои илмии вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, метавонанд довталаб бошанд.
Мувофиқи оиномаи ҷоиза, барандаи ин ҷоиза соҳиби Диплом ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ хоҳад шуд.
Озмуни мазкур дар Рӯзи матбуоти тоҷик дар баробари озмуни вилоятии “Неруи сухан”, Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин натиҷагирӣ ва ғолибони он қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Маркази матбуотии раиси вилоят мегӯяд, дар доираи низомномаи ҷоиза мазкур, барои дарёфти ҷоизаҳо муаллифи алоҳида ё гурӯҳи муаллифон довталаб шуда метавонанд.
Раёсати иттифоқҳои эҷодӣ, Шӯроҳои бадеӣ, Шӯроҳои илмии донишкадаву донишгоҳ, муассисаҳои илмӣ, идораи маҷаллаву рӯзномаҳо, созмонҳои ҷамъиятии вилоят ҳуқуқ доранд, ки барои дарёфти ҷоиза асарҳои арзандаро баъди эълони озмун ба Кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.
Асарҳое, ки ба Ҷоизаи вилоятии ба номи Соҳиб Табаров пешниҳод мегарданд, бояд арзиши баланди илмӣ дошта, аз ҷониби олимону муҳаққиқон ва мунаққидоне, ки дар вилояти Хатлон фаъолият мекунанд, таҳқиқ шуда бошанд. Ба пажуҳишҳои илмӣ ва нақди адабие, ки доир ба осори адибони Хатлонзамин анҷом дода шудаанд, бартарӣ дода мешавад.
Ҳукумати вилоят гуфтааст, танҳо асарҳое баррасӣ мешаванд, ки аз замони нашрашон бештар аз се сол нагузашта бошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста