Давоми ду рӯзи истироҳати гузашта, тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 165 нафар зиёд шуд. Теъдоди умумии сироятёфтагон аз оғози пандемия ба 14 ҳазору 592 нафар расид.

Давоми рӯзҳои 24-25 июл боз як нафар фавтида, шумори фавтидагон аз ин беморӣ аз оғози пандемия 117 нафарро ташкил медиҳад.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 14 ҳазору 96  нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду шабонарӯз 132 нафар шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори сироятёфтагон ва фавтидагон дар ҷумҳурӣ аз ин беморӣ ҳазорҳо нафар гуфта мешавад, зеро ҳолатҳои сироятёбӣ афзуда, бемори душвортар ҷараён мегирад.

Дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксиназанӣ идома дорад. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз зиёда аз 460 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар аз COVID-19 ваксина гирифтаанд.

Субҳи имрӯз аз ИМА ба Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона дар чаҳорчӯби барномаи COVAX-и ҳукумати ИМА 1,5 млн воя (доза)-и ваксинаи Moderna алайҳи COVID-19 оварда шуд.

Дар Вазорати тандурустӣ зикр кардаанд, ки бо ин миқдор ваксина 750 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ваксина ҳоҳанд гирифт.

Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон дар доираи механизми COVAX Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca дастрас намуда, охири моҳи июн аз Чин ба Душанбе ба сифати кумаки башардӯстона 300 ҳазор вояи ваксинаи CoronaVac-и Чин оварда шуд.

Қаблан Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар дода буд, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии рушд аз Чин боз 3 млн вояи ваксинаи CoronaVac хариданист.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.