Аввали ҳафтаи гузашта пас аз танаффуси марбут ба пандемия равуои автобусҳои мусфирбар байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд.

Директори филиали ширкати Asian Express дар Хуҷанд Икром Зокиров ва чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тавсия медиҳанд, ки билетҳоро ба ин хатсайри автобус пешакӣ (ду-се рӯз пеш) харидан лозим аст, вагарна дарёфт капрдани он ғайримкон мешавад.

“Мусофирон сершуморанд ва мо ният дорем, ки шумори автобусҳоро дар ин хатсайр зиёд кунем ва дар ин хусус бо намояндагии Asian Express дар Тошканд гуфтушунид дорем”, - иброз дошт Зокиров.

Билети автобуси самти Хуҷанд Тошканд 100 сомонӣ нарх дорад. Билетҳоро метавон аз хазина (касса)-и терминали Asian Express  харид. Терминал дар микрорайони 16-ум дар паҳлӯи таксопарк воқеъ аст. Автобусҳо ҳам аз ҳамин ҷо соати 8:00 ба вақти маҳаллӣ ба роҳ мебароянд.

Сурат: Asia-Plus

Тибқи иттилои шахсоне, ки бо автобуси ин самт аллакай сафар кардаанд, вақт дар роҳ ба ҳисоби миёна 5 соатро ташкил медиҳад. Қариб 1-1,5 соат барои анҷоми расмиёт дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон сарф мешавад.

Зимнан мусофирон зикр мекунанд, касоне, ки шитоб доранд, метавонанд автобусро интизор нашуда, баъди гузаштан аз сарҳад (то сарҳад 1,5 соат вақт) бо дигар воситаи нақлиёт ё такси то Тошканд раванд.

Ҳангоми гузаштан аз сарҳад мусофирон бояд шиносномаи хориҷӣ ва гувоҳнома дар бораи ваксин гирифтан зидди COVID-19-ро бо худ дошта бошанд. Агар касе ваксина нагирифта бошад, ӯро лозим меояд, ки аз тести экспресс гузарад. Арзиши тест ба 140 сомонӣ баробар аст. Инчунин доштани билет ба автобус ҳатмӣ аст.

Ҷавонони синнусоли даъват ба хидмати ҳарбӣ ва ба хидмат даъватшуда, инчунин маҳкумшудагон барои содир намудани ҷиноят ба гузаштан аз сарҳад ҳуқуқ надоранд.

Дар мавриди кӯдакон бошад, барои то синни 6-солаи онҳо волидон бояд дар бораи солим будани кӯдак ва бемории полиомиелит (фалаҷ) надоштани ӯ бо худ маълумонома (справка) дошта бошанд.

Дар Тошканд автобус дар истгоҳи “Собир Раҳимов” таваққуф мекунад. Хатсайри бозпас низ ба Хуҷанд соати 18:00 ( зимистон - 16:00) аз ҳамин ҷо ба роҳ мебарояд.

Сурат: УзТАГ

Бо автобусҳои Asian Express шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон омада метавонанд. Ба ҷуз шиносномаи хориҷӣ, онҳо бояд бо худ гувоҳнома дар бораи ваксина гирифтан, маълумотнома бо натиҷаи манфии ПСР-тест ба COVID-19 дошта бошанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, айни замон се категорияи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ сафар карда метавонанд: шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд;  шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд ва шаҳрвандони кишварҳо, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба  муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон
Сурат: УзТАГ

Ғайр аз ин, шаҳрвандоне, ки барои парвоз аз шаҳрҳои Ӯзбекистон ба дигар кишварҳо билет дар даст доранд, низ метавонанд аз хидматрасониҳои ширкати Asian Express истифода баранд.

- Ман билети ҳавопаймоии Тошканд-Маскав дар даст доштам, - мегӯяд Саидҷон Сулаймонов, сокини Хуҷанд. -  Хеле тез аз сарҳад гузаштам. Касе мушкил эҷод намекунад, мисли пешин пул намегиранд. То сарҳад бо 50 сомонӣ аз автовокзали Абрешим бо такси рафтан мумкин аст. Баъди гузаштан ба Ӯзбекистон низ мушкили такси нест, танҳо каме гаронтар меафтад: то бозори Қуйлуқ 100 ҳазор сӯми ӯзбеккӣ роҳкиро мегиранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.