Ба Фотима Сулаймоноваи 65-сола,  зани дарвозие, ки суҳбаташ дар моҳи октябр ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурвокуниш шуд, дар даври ҷумҳурявии озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ" 5000 сомонӣ ҷоиза додаанд.

Ин ҷоиза ба Фотима Сулаймонова, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи холаи Фотима маъмул шуд, аз номи президенти Тоҷикистон тақдим шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати маориф мегӯяд, ки дар баробари холаи Фотима ҳамчунин ба 39 нафар ширкаткунандаи фаъоли ин озмун низ аз номи раисҷумҳур 5000-сомонӣ ҳадя шудааст.  Ҳамчунин ба гуфтаи ин ниҳод ба 20 ширкаткунандаи фаъоли дигар низ 2000 сомонӣ аз сӯйи Вазорати маориф тақдим шудааст. 

Холаи Фотима дар бахши адабиёти муосир дар ин озмун довталаб буд, ки ҳарчанд ба гирифтани мақоме сазовор нашудааст, вале ҳамчун ширкаткунандаи фаъол 5000 сомонӣ ҷоиза бурдааст.

Холаи Фотима дар маросими ҷоизагирӣ
Акси Вазорати маориф ва илм

Ҳамчунин ба 21 нафар падару модари ғолибони озмун низ нишони “Маърифатпарвар” эҳдо шудааст.

Маросими ҷамъбастии озмун ва тақдими туҳфаҳо ба ғолибон соати 15:00 имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки холаи Фотима ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раисҷумҳур дар Дарвоз ба коркардҳои Эмомалӣ Раҳмон баҳогузории баланд карда, ба шеваи маҳаллӣ гуфта буд, ки “Дшамбӣ сохти Париж шияст”  ва ҳамин тариқ чанд дақиқа бо расиҷумҳур сӯҳбатҳои шӯхиомез карда буд. Баъдан навори суханронии ӯ дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ҳаводорони зиёд дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.