То 24 август обуҳаво дар Тоҷикистон нисбатан хунук мешавад. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон 5-7 дараҷа поинравии ҳароратро дар ин рӯзҳо пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқи кишвар борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

Ин рӯзҳо дар Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 16-18 ва рӯзона 34-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, ҳарорат шабона дар водиҳо 14-19 ва рӯзона 31-31 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо шабона 8-13 ва рӯзона 26-31 дараҷа гармро ташкил хоҳад дод.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳарорат шабона 15-17 ва рӯзона 33-35 дараҷа гарм шуда, ба сурати умум дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат 12-17 ва рӯзона 30-35 дараҷа, дар кӯҳҳо шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ин минтақа ҳавои бебориш ва абрнок пешбинӣ мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳаво гармтар - шабона 17-19 ва рӯзона 35-37 дараҷа гарм мешавад. Ба сурати умум дар водиҳои вилояти Суғд обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷа, дар доманакӯҳҳо шабона 13-18 ва рӯзона 24-29 дараҷа гарм мешавад. Дар ин минтақаи ҷануб чангу ғубор ба мушоҳида мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, обҳавошиносон имрӯз, 22 август борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мекунанд. Рӯзҳои дигар ҳам боришот дар назар аст, лекин начандон ба таври назаррас.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.