Дар пайи шикояти сокинони шаҳри Душанбе ва мушкили барқ дар пойтахт “Шабакаҳои тақсимоти барқ” телефонҳои боварӣ ташкил кардааст, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд. Дар ин бора аз Ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, телефонҳои мазкур бо мақсади кумак ба аҳолӣ бобати эътимоднокии таъминоти барқ, муносибати кормандони соҳаи тақсимоти барқ бо муштариён ва шафофияти кор ташкил шудаанд.

“Рақамҳои телефонҳои боварии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” - 778886021 ва 2-50-33-01 мебошад, ки ба таври 24-соата фаъол ҳастанд. Сокинони пойтахт метавонанд, ки ба ҳама гуна муроҷиат ва мушкилоти худ бо ин рақамҳо ба тамос шаванд”, - гуфтанд аз Ширкати “Барқи тоҷик”.

Бояд гуфт, ин рақамҳои боварӣ дар ҳоле ташкил гардиданд, ки сокинони зиёди пойтахт аз мушкили обу барқ ва низоми гармидиҳӣ дар чанд муддати охир шикоят доштанд.

Аҳолии Душанбе аз якбора сард шудани ҳаво дар як ҳафтаи охир ба мушкилоти кори низоми гармидиҳӣ, нерӯи барқ ва оби нӯшокӣ рӯ ба рӯ шуданд ва даъво доранд, ки ин вазъ зиндагиашонро вазнин кардааст.

Дар ин баробар, мақомоти марбутаи пойтахт мушкилоти ҷойдоштаро таъйид карда, ба ҳалли проблемаҳои обу барқу гармӣ ваъда медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти марбутаи тоҷик дар оғози мавсими гармидиҳӣ гуфта буданд, ки “барои хуб гузаронидани зимистон комилан омода ҳастанд”, вале сардиҳои охири моҳи декабр ва аввали январ ба муқобили ин ваъдаи мақомот баромад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.