Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд дар як ҷаласа, ки 25-уми январ бо иштироки масъулини кор бо занон ва оилаи вилоят баргузор гардид, ба қазияи фавти шашгоник дар таваллудхонаи вилоятии Суғд таваҷҷуҳ карда, гуфтааст, “онҳо аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии масъулини ҳамаи ниҳодҳои дахлдори вилоят, аз ҷумла духтурон фавтидаанд”.
Ӯ аз ҳамкории зич надоштани мақомоти вилоят изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, “дар робита ба фавти шашгоник масъулини соҳа дар ҳамкорӣ барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб кор накарданд”.
“Агар мушкилоти оддӣ саривақт ба гӯши масъулини мақомот мерасид, пас ҳал мегардид. Аммо имрӯз вазъ дигаргун аст”, - гуфтааст ӯ.
Дар наворе, ки аз ин нишаст дастраси “Азия-Плюс” гардид, дида мешавад, ки Зайнура Азимӣ дар ҷаласа сабабҳои афзоиши кирдорҳои номатлубро аз саҳлангории баъзе аз кормандони бахши кор бо занҳо медонад.
“Роҳбарони бархе аз сохторҳо ҳангоми иҷрои вазифа масъулияти худро эҳсос намекунанд. Ва ин боиси зиёд шудани ҳолатҳои номатлуб ва бештар ба қайд гирифтани рақамҳои омории ҷиноятсодикурниву мушкилот мегардад. Норасоии кадрҳо, набудани шахсони масъули соҳа боиси бештар шудани кирдорҳои номатлуб мегардад”, - афзудааст Зайнура Азимӣ.
Гуфта шуд, ки маҳз аз бемасъулиятӣ дар соли 2022-юм се ҳолати фавти модар ҳангоми таваллуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум зиёд аст.
Соли 2022 дар вилояти Суғд 12 зан ҳангоми таваллуд фавтидаанд, ки ин нисбат ба соли 2021-ум камтар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар таваллудхонаи вилоятии вилояти Суғд санаи 10-уми январ шашгоник ба дунё омад ва пас аз як рӯз ҳамаи онҳо фавтиданд. Ин аввалин ҳолати тавдили шашгоникҳо дар кишвар буд ва хеле пурсарусадо шуд.
Духтурон ва масъулини Вазорати тандурустӣ сабаби марги шашгоникро вазни кам ва норасид таваллуд шудан унвон карданд, аммо наздикони шашгоники фавтида омили даргузашти навзодонро саҳлангории духтурон гуфтанд.
Пас аз 8 рӯзи ин ҳодиса роҳбари беморхона Нурӣ Дадобоеваро ба нафақа гусел карданд. Аммо то ҳол масъалаи фавти шашгоник чун мушкили доғ дар бахши тандурустии кишвар баҳсбарангез аст.
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Роҳбари боксчиёни ҷаҳон Умар Кремлёв зодаи Ҳисор будааст. Ӯ ба Ватан омад
Тӯйи арӯсӣ ва хатнасур барои оилаҳои камбизоат. Суратгузориш аз таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кӯлоб
Садамаи нақлиёт дар Левакант: ронандаи мошини дар канал ғарқшударо меҷӯянд
Як мард барои лату кӯби собиқ ҳамсараш дар ҷустуҷӯи мақомот аст
Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд
Пайомадҳои заминларза дар Тоҷикистон: се нафар захмӣ ва беш аз 60 чорво нобуд шудаанд
Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи давлатии қарздорон таъсис дода мешавад
"Роҳбари салафиҳои Тоҷикистон" дубора зиндонӣ шудааст
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста